Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшавандаи «НБО Роғун», Мудирият дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон, бо аҳолии деҳаҳои кӯчонидашаванда вохӯрӣ ва суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро нисбати омодасозии рӯйхати аҳолӣ тибқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, интихоби маҳалли нави зист аз тарафи муҳоҷирон, гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо тариқи қуръапартоӣ, шароити буду боши зиндагонӣ дар маҳаллаҳои нави зист, барқарорсозии манбаъҳои (воситаҳои) рӯзгузаронӣ, иштироки аҳолӣ дар амалисозии раванди муҳоҷират, тартиби пардохти ҷубронпулиҳо, имтиёзҳо, бо кор таъминкунӣ, ба роҳ мондани сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар ҷойҳои нави зист ва ғайра, амалӣ намуда истодааст.