СИЁСАТИ МУҲОҶИРАТИ АҲОЛИИ МИНТАҚАИ ЗЕРИОБШАВАНДАИ НБО-И РОҒУН

МУҲОҶИРАТ

         Амалисозии раванди муҳоҷирати минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун аз қонуну қарорҳо ва дигар манбаъҳои ҳуқуқие, ки масоили муҳоҷирати дохилиро танзим менамоянд, сарчашма мегирад. Қонунгузории гуногун дар Тоҷикистон, ки ба масоили муҳоҷират мавриди амал қарор доранд иборатанд аз:

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Сиёсати миллии муҳоҷиркунонӣ (Қарори №467 аз 1 октябри соли 2008);

– Қарори Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №47 аз 20 январи соли 2009 “Дар бораи кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод аз минтақаҳои зериобшавандаи “НБО-и Роғун”;

– Талаботи Сиёсати Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба муҳоҷирати иҷборӣ (банди 4.12).

        Мудирият дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва сохторҳои марбутаи ваколатдори давлатӣ, барои омода намудани минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, амалисозии раванди муҳоҷират ва муҳайё сохтани шароити аввалиндараҷаи зиндагонии муҳоҷирон дар ҷойҳои нави зист фаъолияти заруриро амалӣ намуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *