Ройгон ба роҳмондани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун»

ХАБАРҲО

Мудирият тибқи талаботи Бонки умумиҷаҳонӣ (матрица компенсации) барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи муҳољирони минтақаи зериоб-шавандаи НБО «Роғун»-ро аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ба роҳмондааст. Дар ин раванд соли ҷорӣ барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқ-муайянкунандаи муҳоҷирони мавзеи Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғунро дар ҳамкорӣ бо КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Роғун ба итмом расонида, ҳуҷҷатҳои мазкурро дар арафаи соли нави 2024 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Б., раиси ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун Рабиев С., директори КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Роғун Қурбонзода Л., муовини директор Саидзода Р.С., ва сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо маҳаллаҳои Мудирият Нуъмон Қ. расман ба сокинони ин мавзеъ супорид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *