ХАБАРҲО

Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» якҷо бо Гурўҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии    назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба итмом расонидани корҳои сохтмони дар иншооти НБО «Роғун» бо ташкилотҳои молиявии байналмиллалии маблағгузор, шарикони рушд ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳамкориҳоро идома дода истодааст.

Дар ин замина, аз санаи 13 то 17 январи соли 2024 коршиносони самти экологӣ ва иҷтимоии ширкати машваратии «WSP» Ҳисоботи навшудаи “Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ (АТЭИ)-и лоиҳаи НБО «Роғун»-ро омода намуда, тибқи талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аҳолии зери таъсири лоиҳа қарордошта ва манфиатдор дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Роғун ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт ва Данғара вохуриҳои оммавӣ баргузор карда, маълумотҳои мукаммал (презентасия) пешниҳод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *