Санаи 05 ва 06 марти соли 2024 коршиносони Бонки Осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ ва мушовири калон оид ба масъалаҳои экологӣ-иҷтимоии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони масъули Муаcсисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун” вохўриҳо баргузор намуда, оид ба раванди муҳоҷиркунонии аҳолии минтақаи зериобшаванда ва таъмин намудани онҳо бо иншоотҳои аввалиндараҷаи инфарасохторӣ дар маҳаллаҳои нави зист маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Санаи 07 марти соли 2024, коршиносони мазкур якҷо бо кормандони Мудирият аз маҳаллаҳои нави зисти муҳоҷирони минтақаи зериобшаванда- деҳаи Тойчии Ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмон ва деҳаи Намунаи Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дидан намуда, оид ба гирифтани ҷубронпулии молу амвол, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, манфиат ва имтиёзҳои аҳолӣ дар раванди муҳоҷиркунонӣ инчунин, расондани кӯмакҳои яквақтаина, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, таъмин бо ҷойҳои корӣ ҷиҳати барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ ва манбаъҳои даромади муҳоҷирон бо Раисони маҳаллаҳо, муҳоҷирон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, бунёду сифати иншоотҳои инфрасохтории аввалиндараҷаро мусбӣ арзёбӣ карданд.