ТАБРИКОТИ НАВРӮЗӢ!
Бо камоли эҳтироми беандоза ва арзи сипос кулли кормандони Мудирият, ташкилотҳои ҳамкори ватаниву байналмилалӣ ва ҳамватанони азизро бо фарорасии Иди Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки бо туфайли сиёсати хирадмандона ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Наврӯз» аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Иди Наврӯз, оғози фасли Баҳор, эҳёи табиат, ибтидои нақшаю ниятҳои нек ва ташаббусу иқдоми тоза, оғози нави корҳои ободонию созандагӣ, идома додани касбу ҳунарҳои аҷдодии моро васф ва мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён мегардонад.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, Шуморо бори дигар бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба Шумо барори кор, саодату иқболи нек ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри ободӣ, рушду нумӯи Ватани азизамон доред, комёбиҳои беназирро орзумандам.
Бо эҳтиром,
Директори Муассисаи
давлатии «Мудирияти минтақаи
зериобшавандаи НБО Роғун» М.Ҷамилзода