ОМӮЗИШ ОИД БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ВА БЕХАТАРИИ МЕҲНАТ БА АНҶОМ РАСИД
Аз санаи 22 то 26 апрели соли 2024 аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии (ГТЛСИЭ) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи НБО “Роғун”” мутахассиси байналмилалии ГТЛСИЭ ҷаноби Матис де Бир дар бинои Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” – “Омӯзиш оид ба ҳифзи саломатӣ ва бехатарии меҳнат” семинар гузаронида шуд.
Дар рафти тренинг ҳамаи иштирокчиён оид ба вайронкунии асосии қоидаҳои санитарию бехатарӣ дар истеҳсолот, сохтмонҳо, воситаҳои нақлиёт, бехатарӣ аз сӯхтор, фароҳам овардани шароити қобили қабул дар ҷойи кор, либоси корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра маълумоти васеъ гирифтанд, ки ҳисобкунӣ ва бартарафсозии он бояд мувофиқи стандартҳои байналмилалии қабулшудаи ҳифзи саломатӣ ва бехатарии меҳнат анҷом дода шавад.
Дар семинари мазкур роҳбарон, мутахассисон ва паймонкорони Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” иштирок варзиданд.
10 нафар кормандон ва паймонкорони Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” – “Омӯзиш оид ба ҳифзи саломатӣ ва бехатарии меҳнат” – ро бомуваффақият анҷом доданд.
Қобили зикр аст, ки санаи 24 – уми апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода бо иштироки мушовири байналмилалии ГТЛСИЭ ҷаноби Матис де Бир кормандони фосилавӣ ва масъулини паймонкорони Мудирият аз иншоотҳои сохтмонӣ боздид намуданд, ки дар сохтмонҳои инфрасохторҳои зарурӣ барои муҳоҷирон аз минтақаҳои зериобшаванда машғуланд.
Дар маҷлиси машваратӣ камбудиҳои асосии кори истеҳсолот, ки ба стандартҳои байналмилалии санитарию бехатарӣ мувоффиқ набуданд, аниқ омӯхта ва ошкор карда шуд, ки ҳамаи эродҳо ва тавсияҳо сари вақт бартараф карда шуданд.
Пас аз анҷоми семинар ва маҷлиси машваратӣ ба ҳамаи иштирокчиён барои хатми курси “Омӯзиш оид ба ҳифзи саломатӣ ва бехатарии меҳнат” шаҳодатномаҳои “ProfSheg” дар доираи лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи НБО “Роғун”” дода шуданд.