ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МУСТАҚИЛИ КОРШИНОСОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ИҶТИМОӢ

ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МУСТАҚИЛИ КОРШИНОСОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ИҶТИМОӢ

Санаи 19 – 23 – юми апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мулоқоти директори Муассиса Манучеҳр Ҷамилзода бо Ҳайати мустақили коршиносон оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкориҳои самарабахш миёни Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва Ҳайати мустақили коршиносон оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, сипас оид ба раванди кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшаванда, таъмин намудани онҳо бо иншоотҳои аввалиндараҷаи инфарасохторӣ дар маҳаллаҳои нави зист, барномаи барқарорсозии манбаъҳои даромади рӯзгузаронии муҳоҷирон ва як қатор масъалаҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, Ҳайати мустақили коршиносон оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ бо кормандони Муассиса дар ҷараёни вохӯрӣ бо сокинони деҳаи нави зисти муҳоҷирони минтақаи зериобшаванда, ки дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунанд, дидан намуда, як қатор масъалаҳо оид ба гирифтани ҷубронпулии молу амвол, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, манфиат ва имтиёзҳои аҳолӣ дар раванди муҳоҷиркунонӣ, расондани кӯмакҳои яквақтаина, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмин бо ҷойҳои корӣ ҷиҳати барномаи барқарорсозии манбаъҳои даромади рӯзгузаронии муҳоҷирон бо раиси деҳаи мазкур ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сӯҳбат намуда, бунёду сифати иншоотҳои инфрасохтории аввалиндараҷаро мусбӣ арзёбӣ намуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва Ҳайати мустақили коршиносон оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ омодагии худро баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *