“ЧОРЧӮБАИ БАРНОМАИ КӮЧОНИДАН ВА НАҚШАИ БАРҚАРОРСОЗИИ ВОСИТАҲОИ РӮЗГУЗАРОНӢ”- И ЛОИҲАИ НБО – И “РОҒУН” ДАР НОҲИЯҲОИ НУРОБОД ВА РАШТ БАРРАСӢ ШУД

Ахбор ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

“ЧОРЧӮБАИ БАРНОМАИ КӮЧОНИДАН ВА НАҚШАИ БАРҚАРОРСОЗИИ ВОСИТАҲОИ РӮЗГУЗАРОНӢ” И ЛОИҲАИ НБО – И “РОҒУН” ДАР НОҲИЯҲОИ НУРОБОД ВА РАШТ БАРРАСӢ ШУД

Рӯзҳои 4 – ум ва 5 – уми июни соли 2024 дар маҷлисгоҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Нуробод ва Рашт муҳокимаи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ” оид ба ифшо кардани маълумот ба ҷомеа бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода, раисон ва муовинони ноҳияҳои Нуробод ва Рашт бо сокинони ноҳияҳо вохӯрӣ гузаронида, Ҳисоботро ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар маҷлисгоҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Нуробод ва Рашт кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои марбута бо аҳолии зери таъсири лоиҳа қарордошта ва манфиатдор вохӯриҳои оммавӣ баргузор карда шуд.

Дар муҳокимаи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ” намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мушовири маҳаллӣ оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аз ширкати “WSP”, инчунин намояндагони ҶДММ “М ВЕКТОР РЕСЕЧ”, ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ба сифати “Шоҳид” иштирок намуданд.

Тибқи ҷадвали вохӯриҳо Ҳисоботи мазкур бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавриди ифшо ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳисоботи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ» – ро мутахассисони ширкати  “WSP” омода намуда, ҷиҳати ифшо ва баррасии оммавӣ бо аҳолии зери таъсири лоиҳа қарордошта ва манфиатдор, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намудаанд.

Маълумотҳои мукаммали Ҳисоботи мазкур барои муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и “Роғун” пешниҳод гардид.

Дар охири мулоқот сокинони зери таъсири лоиҳа қарордошта ва манфиатдор баромад намуда, саволу ҷавоб карда, фикру пешниҳод ва хулосаҳои худро вобасата ба Лоиҳа ироа дошта, баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои кӯчонидани аҳолӣ мавриди таваҷҷуҳ ва гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *