“ЧОРЧӮБАИ БАРНОМАИ КӮЧОНИДАН ВА НАҚШАИ БАРҚАРОРСОЗИИ ВОСИТАҲОИ РӮЗГУЗАРОНӢ”– И ЛОИҲАИ НБО – И “РОҒУН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРРАСӢ ШУД
6 – уми июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” доир ба муҳокимаи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ” оид ба ифшо кардани маълумот ба ҷомеа мизи мудаввар ва суҳбати онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Нахуст, муовини директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Рустам Саидзода мизи мудаввар ва суҳбати онлайниро ифтитоҳ намуда, 20 нафар иштирокчиёни мизи мудаввар ва 10 нафар иштирокчиёни онлайнӣ, ки аз хориҷи кишвар дар ин Лоиҳа иштирок доштанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Сипас, сармутахассиси шуъбаи истеҳсолии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Аюб Файзуллозода ҳисоботи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ” – ро аз муқаддима ва шарҳи лоиҳа, мақсади ин вохӯрӣ, маълумот дар бораи барномаи экологӣ, иҷтимоӣ ва кӯчонидани аҳолӣ, принсипҳои “Чорчӯбаи азнавшудаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ”, кӯчонидани гузашта, ҳозира ва оянда, матритсаи ҳуқуқҳо, механизми баррасии шикоятҳо ва ғайраҳоро ба ҳозирин ироа кард.
Дар Ҳисобот гуфта шуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 1960 ба нақша гирифта, соли 1970 тарҳрезӣ шуда, сохтмонаш соли 1980 оғоз шудааст. Сарбанди Роғун бузургтарин сарбанди Осиёи Марказӣ мебошад, ки то соли 2029 баландии сарбанд 335 метр хоҳад шуд. Обанбори Роғун 170 километри мураббаъро ишғол мекунад ва кӯчонидани 50 267 нафарро аз 69 деҳа талаб мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҳисоботи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ» аз ҷониби мутахассисони ширкати “WSP” таҳия гардида, ҷиҳати ифшо ва баррасии оммавӣ бо аҳолии зери таъсири лоиҳа қарордошта ва манфиатдор, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳлилу баррасӣ карданд.
Дар идомаи қисми дуюми мизи мудаввар ва суҳбати онлайнӣ як қатор иштирокчиён доир ба паҳлӯҳои гунонуни Лоиҳаи НБО – и “Роғун” оид ба “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ” дар Тоҷикистон бо 10 нафар иштирокчиёни хориҷи кишвар онлайнӣ баромад намуда, саволу ҷавоб карда, фикру пешниҳод ва хулосаҳои худро вобасата ба Лоиҳа ироа дошта, баррасӣ карданд.
Ҳисоботи мазкур бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавриди ифшо ва баррасӣ карда шуд.
Ҳисоботи “Чорчӯбаи барномаи кӯчонидан ва нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ” барои муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и “Роғун” таҳия шудааст.