НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН СОҲАҲОИ АЛОҚАИ КОРРО БЕҲТАР МЕКУНАД
18 – уми июн дар шаҳри Душанбе семинари “Таҳияи стратегияи иртибототи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” бо иштироки намояндагони Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун”, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор шуд.
Коршиносони ватаниву хориҷӣ доир ба аҳамияти алоқа дар шароити имрӯза андешаҳои худро баён карданд.
Иштирокчиён таҷриба ва роҳҳои ба шунавандагон расондани ахборро мубодилаи афкор карданд.