ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ МУДИРИЯТ

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ МУДИРИЯТ

      8 – уми июли соли 2024 дар толори бинои асосии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Мудирият баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Мудирият директор, муовинони директор, сардорони шуъбаҳои Мудирият, мудири бахши Мудирият дар ноҳияи Нуробод, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД БД “Амонатбонк”, КВД “Нархгузорӣ” – и назди Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони ҶДММ, ҶСК ва аз ташкилоту муассисаҳои паймонкор иштирок намуданд.

Нахуст директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода ҳисоботи шашмоҳаро ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар суханрониҳо асосан дар бораи корҳои анҷомшудаи Мудирият зарфи ин шаш моҳи сипаришуда сухан рафт.

Сипас, аз тарафи директори Мудирият таклифу пешниҳодҳои муфиду мушаххас изҳор гардида, ба масъулин барои рафъи камбудиву норасоиҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода супориш доданд, ки бо мақсади фароҳамсозии шароитҳои аввалиндараҷаи бунёди иншоотҳои инфрасохторӣ, аз қабили мактабҳо, марказҳои саломатӣ, хатҳои муҳандисии дохила ва берунаи оби нӯшокӣ, барқ, корез, чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои обгирӣ, роҳу роҳравҳо дар маҳаллаҳои нави зисти муҳоҷирон, рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасон аз ҷониби муҳоҷирон, масъалаҳои иҷтимоӣ ва барқарор намудани воситаҳои рӯзгузаронии онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

Дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳа фикру андешаҳои иштирокчиён ба назар гирифта шуда, протоколи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” дар шаш моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2024 қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *