ВОХӮРӢ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕДИХОИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ВОХӮРӢ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕДИХОИ НОҲИЯИ НУРОБОД

    17 июли соли 2024 ҷиҳати ба мавзеъҳои нави зист кӯчонидани муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун вохӯрию суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод гузаронида шуд.

    Маҷлисро раиси ноҳияи Нуробод муҳтарам Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дигар мавзеъ кӯчонидани аҳолии деҳа маълумот дода, суханро ба сокинони муҳоҷиршавандаи деҳа дод.

    Роҷеъ ба масъалаи мазкур зиёда аз 15 нафар сокинони деҳа, аз ҷумла Нозимов Ҳаким, Наимов Раҳмоналӣ, Давлатов Рабӣ, Исмоилов Тоҷиддин, Одинаев Талабшо, Носиров Мӯсо, Қосимов Хол ва дигарон фикру ақида ва пешниҳодҳояшонро ҷиҳати ба қисмати болоии деҳа (Бедихои боло) ҷойгир намудани онҳо иброз намуданд.

    Пас аз шунидани фикру мулоҳизот ва пешниҳодоти сокинони деҳа директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” муҳтарам Ҷамилзода Манучеҳр суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Мудирият ин ба дигар мавзеъҳои бехавфи экологӣ кӯчонидани аҳолии деҳаҳои минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун ва омода намудани минтақаи обанбор мебошад.

   Дар робита бо ин, дар бораи моҳияту зарурати кӯчонидан ва омода намудани минтақаи обанбор маводҳои дар шакли харитаҳо омодагардидаи “Чорабиниҳо оиди омода намудани минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” дар СМД 1165м ва СМД 1185м, инчунин “Корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ – ҷустуҷӯӣ оид ба муайян намудани сатҳи муътадили дамандозӣ СМД – 1290м (консепсия)” – ро вобаста ба ҷадвали пуршавии обанбор презентатсия намуда, ба аҳолӣ фаҳмонида шуд, ки ҳангоми пур шудани обанбор дар сатҳи зарурии банақшагирифташуда, деҳаи Бедихо ва мавзеи болоии деҳа, ки сокинон хоҳиши ба он ҷой кӯчиданро пешниҳод намуданд, пурра зери об монда, як қисмати ками болоии он ба ҳудуди минтақаҳои ҳифзи (муҳофизатӣ) об, хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ, хатҳои соҳилӣ ва паҳноии хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ (паҳноии тасмаҳои наздисоҳил ТНС) шомил мегардад.

    Бинобар ин пешниҳод гардид, ки барои ҷойгир намудани муҳоҷирони деҳаҳои минтақаи зериобшаванда тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №286 аз 1 июли соли 2016 “Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода додани қитъаҳои замин” дар деҳаи Намунаи Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ва дигар қарорҳои марбута дар деҳаи Роғуни боло (20га) ва шаҳраки Дарбанд қитъаҳои замин ҷудо гардидаанд, ки метавонед дар ин мавзеъҳо интихоб намоед.

       Дар фарҷоми маҷлис 24 нафар сардорони хоҷагӣ ва оила деҳаи Намунаи Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ва 4 нафар деҳаи Роғуни болоро барои кӯчидан ба маҳаллаи нави зист интихоб карда, боқимондаи сокинони деҳа иброз доштанд, ки пас аз дидани маҳаллаҳои нави болозикр интихоби хешро тавассути мақомоти маҳаллӣ пешниҳод менамоянд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *