ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ САРМОЯГУЗОРИИ ИНФРАСОХТОРӢ

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ САРМОЯГУЗОРИИ ИНФРАСОХТОРӢ

Санаи 19 – уми августи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мулоқоти директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода бо намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ мувофиқи барномаи ташрифи ҳайати намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ шиносои бо натиҷаҳои иҷроиши пешниҳодҳои коршиносони байналхалқӣ оид ба бехатарии сарбанд, масъалаҳои экологию иҷтимоӣ, татбиқи барномаи муҳоҷиркунонӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун тарафҳо аз ҳамкориҳои самарабахш миёни Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, сипас оид ба раванди кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшаванда, таъмин намудани онҳо бо иншоотҳои аввалиндараҷаи инфарасохторӣ дар маҳаллаҳои нави зист ва як қатор масъалаҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти суҳбат вобастба ба раванди нақшаи амалигардонии кӯчонидани 2 намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ як чанд масъалаҳоро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла раванди кӯчонидани аҳолӣ, шумораи аҳолии кӯчонидашуда ва пардохти ҷубронпулӣ барои аҳолии кӯчонидашуда баррасӣ карда шуд.

Зикр шуд, ки дар раванди кӯчониданаи аҳолӣ бояд тамоми ҳуқуқҳои муҳоҷирон риоя карда шавад. Аз ҷумла барои аз даст додани моликият, замин ва дигар дороиҳо ҷубронпулии молу амвол муайян карда шавад.

Инчунин, намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо кормандони Мудирият дидорбинӣ аз минтақаи муҳоҷиркунонӣ бо сокинон вохӯрӣ намуда, як қатор масъалаҳо оид ба гирифтани ҷубронпулии молу амвол, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, манфиат ва имтиёзҳои аҳолӣ дар раванди муҳоҷиркунонӣ суҳбат намуда, бунёду сифати иншоотҳои инфрасохтории аввалиндараҷаро мусбӣ арзёбӣ намуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамазамон дар охири мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ омодагии худро баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *