Панҷшанбе, 12 сентябр, 2024

САИДЗОДА РУСТАМ САИД

19 июни  соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Соли 1991 – Донишгоҳи  хоҷагии қишлоқи  Точикистонро хатм  кардааст  .
Ихтисос – агрономи олим.

                                                       Кор ва фаъолияти собиқа:
Аз соли 1991 – Муаллим, муовини директори  Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №57, ноҳияи Данғара;
Аз соли 1996 – Сардори хоҷагии ёрирасони Корхонаи каркарди пахтаи шаҳри Қурғонтеппа;
Аз соли 1998 – Устои басти истеҳсолӣ, молшиноси пахта, молшиноси нахи пахтаи Корхонаи каркарди пахта, ноҳияи Данғара;
Аз соли 2009  – Мутахассиси пешбар, сармутахассиси Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳали қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди  устувори пахтакорӣ, шаҳри Душанбе;
Аз соли 2011  – Сардори шӯъбаи таъминотии Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун»;
Аз соли 2015  – Сардори шӯъбаи экологӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун»;
Аз 3 марти соли 2017 – муовини директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун»
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд