СОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕДИХОИ НОҲИЯИ НУРОБОД СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО Эълон

СОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕДИХОИ НОҲИЯИ НУРОБОД СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД

8 – уми октябри соли 2024 ҷиҳати ба мавзеъҳои нави зист кӯчонидани муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун вохӯрию сӯҳбат бо сокинони деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод гузаронида шуд.

Ба 95 нафар сокинони деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод аз деҳаи Намунаи Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ замин дода шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Маҳмадуллозода, муоввини якуми раиси ноҳияи Нуробод Маҳмадӣ Шоҳиён, муовини директори Мудирият Рустам Саидзода, мудири бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод Забиҳулло Эшунов, раиси Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода Тагоймурод Нурматов, сардори шуъбаи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Бобиев К., раиси Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод Эраҷ Наимзода ва сармутахассиси шуъбаи экологӣ ва иҷтимоии Мудирият Некрӯз Хушвахтов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки барои ҷойгир намудани муҳоҷирони деҳаҳои минтақаи зериобшаванда тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №286 аз 1 июли соли 2016 “Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода додани қитъаҳои замин” дар деҳаи Намунаи Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ва дигар қарорҳои марбута дар деҳаи Роғуни боло (20га) ва шаҳраки Дарбанд қитъаҳои замин ҷудо гардидаанд, ки метавонанд дар ин мавзеъҳо интихоб намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *