ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ НӮҲМОҲАИ МУДИРИЯТ
10 – уми октябри соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи Мудирият баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии Мудирият, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, мудири бахши Мудирият дар ноҳияи Нуробод ва аз ташкилоту муассисаҳои паймонкор иштирок намуданд.
Нахуст муовини якуми директор – сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Шафизода Ҷамшед маҷлисро оғоз ва ҳозиринро бо тартиби гузаронидани машварат шинос намуда, аз иштирокчиён хоҳиш намуд, ки доир ба беҳтар намудани кори Мудирият, ташкилотҳои паймонкор, молрасону хизматрасон ва дигар сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун фаъолият доранд, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз намоянд.
Доир ба масъалаи баррасишавандаи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи нӯҳмоҳаро ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар суханрониҳо асосан дар бораи корҳои анҷомшудаи Мудирият зарфи ин нӯҳ моҳи сипаришуда сухан рафт.
Сипас аз тарафи муовини якуми директор – сармуҳандиси Мудирият таклифу пешниҳодҳои муфиду мушаххас изҳор гардида, ба масъулин барои рафъи камбуду норасоиҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбастии нӯҳмоҳа фикру андешаҳои иштирокчиён ба назар гирифта шуда, инчунин доир ба беҳтар намудани фаъолияти Мудирият тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №47 аз 20 – уми январи соли 2009 “Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод” дар ҳамкорӣ бо вазоратҳо, кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои паймонкор, молрасон, инчунин пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии раванди бонизоми муҳоҷиркунонӣ ва чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ – экологӣ дар минтақаи мазкур, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 протоколи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 қарор қабул гардид.