АРЗУ ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД

ХАБАРҲО

АРЗУ ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар 9 моҳи соли 2024 ба дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо 77 арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии шаҳрвандон ворид гардид.

Аз ҷумла:

  • Иваз намудани қитъаи замини наздиҳавлӣ;
  • Ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ;
  • Дархост оиди муътадил гардидани қувваи барқ дар маҳалли нави зист;
  • Дархост оид бар тартиби гузаронидани ҷашну маросимҳо;
  • Оид ба таъмини мошини боркаш барои овардани кӯч.

Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мутобиқи қонунҳо ва санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии шаҳрвандон иҷро ва баррасӣ шуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *