ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД

Ахбор Муроҷиати шаҳрвандон ХАБАРҲО

ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар 3 моҳи соли 2025 ба дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагиҳои он дар минтақаҳо 23 муроҷиат ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ аз тарафи муҳоҷирон оид ба масъалаҳои зерин ворид гардиданд.

Аз ҷумла:

2 дархост оиди пардохти маблағи хона;

3 ариза оиди ҷудо намудани қитъаи замин;

1 ариза оиди ҳуҷҷатгузории хонаҳои истиқоматӣ;

11 ариза оиди иваз намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ;

1 ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони дорухона;

3 ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мағозаи хурокворӣ;

1 ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони коргоҳи таъмири нақлиёт;

1 дархост барои гирифтани кӯмаки молиявӣ.

Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мутобиқи қонунҳо ва санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии муҳоҷиронро иҷро ва баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *