Ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Осиёии Рушд

Ахбор ИНФРАСОХТОР ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО ҲИСОБОТҲО

Ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Осиёии Рушд

     Аз санаи 18 то 20 сентябри соли 2025 коршиносони Бонки Осиёии Рушд оид ба масъалаҳои экологӣ-иҷтимоӣ бо роҳбарии Кристоф Мейндл бо мақсади шиносоӣ аз раванди кўчонидани аҳолии деҳаҳои дар минтақаи зериобшаванда қарордошта: деҳаҳои кўчонидашудаи шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, деҳаҳои дар раванди кўчонидан қарордоштаи шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ва деҳаҳои дар оянда кўчонидашавандаи ноҳияи Нуробод дидан намуда, инчунин ба маҳаллаҳои нави зисти муҳоҷирони минтақаи зериобшаванда дар ноҳияҳои Нуробод, Файзобод ва шаҳри Турсунзода ташриф оварда, дар муқоиса аз иншоотҳои инфрасохтории пешбуда ва  бунёдгардида: аз қабили мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои саломатӣ, хатҳои муҳандисии дохила ва берунаи  оби нӯшокӣ, барқ, корез, чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои обгирӣ, роҳу роҳравҳо, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шинос  шуда, ҳамзамон масъалаҳои иҷтимоӣ ва барқарорсозии воситаҳои рўзгузаронии муҳоҷиронро барраси намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *