ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД
Дар 9 моҳи соли 2025 ба дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагиҳои он дар минтақаҳо 54 муроҷиат ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ аз тарафи муҳоҷирон оид ба масъалаҳои зерин ворид гардиданд.
Дар маҷмуъ:
54 – ариза, дархостҳо ва шикоятҳо ворид шуд.
21 – ариза;
33 – дархост;
9 – ҳалли худро ёфт.
2 – дар марҳилаи 1 ҳал шуд.
7 – дар марҳилаи 2 ҳал шуд.
29 – ариза дар марҳилаи якум дар баррасӣ аст.
16 – ариза дар марҳилаи дуюм дар баррасӣ қарор дорад.
Аз ҷумла:
24 – дархост оиди пардохти маблағи хона;
5 – ариза оиди ҷудо намудани қитъаи замин;
1 – ариза оиди ҳуҷҷатгузории хонаҳои истиқоматӣ;
14 – ариза оиди иваз намудани қитъаи замини назди ҳавлигӣ;
1 – дархост оиди пардохти маблағи бинои чойхонаи деҳаи Хоҷавалишо;
1 – ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони дорухона;
5 – ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мағозаи хурокворӣ;
1 – ариза барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони коргоҳи таъмири нақлиёт;
1 – дархост барои гирифтани кӯмаки молиявӣ.
1 – аризаи дастаҷамона оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои оромгоҳи деҳаи Ёли гармобаи Ҷ/д. Қади оби ш.Роғун
Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мутобиқи қонунҳо ва санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии муҳоҷиронро иҷро ва баррасӣ намуданд.
Дар робита ба навиштаҳои дар боло зикр гардида, баррасии аризаҳои шаҳрвандон дар Мудирият чунин сурат мегиранд:

Шарҳ: Ба Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” санаи 10.09.2025 аз номи сокини маҳалаи Бӯстони Ҷамоати деҳаи Себистони ноҳияи Файзобод Раҳматов Қудратулло дар хусуси ҷудо намудани маблағ барои бунёди “ манзили истиқомати” ариза пешниҳод шуда буд. Мудирият аризаи шаҳрвандро ба инобат гирифта қисман маблағ барои идома додани сохтмони манзили истиқомати ҷудо намуда, сохтмон идома дорад.