ВОХУРИ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ВОХУРИ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 24 октябри соли 2025 ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Санҷай Сривастава Менеҷери амалиёт (экологӣ ва иҷтимоӣ) ба мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун ташриф оварданд. Дар рафти боздид, бо иштироки директор Манучеҳр Ҷамилзода, вохури баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба раванди кӯчонидани аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.

Пас аз ҷаласа, меҳмонон аз деҳаи Тойчии Ҷамоати деҳоти, Ҷ. Раҳмонов  ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119-и шаҳри Турсунзода боздид намуданд.

Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин бо сокинон мулоқот ороста, ба манзилҳои муҳоҷироне, ки чанд сол қабл кӯчонида шуда буданд, ташриф оварданд.

Дар ҷараёни суҳбат бо вазъи зисту рӯзгӯзаронии муҳоҷирон шиносои пайдо намуда, рафти мутобиқшавии онҳоро дар ҷойҳои нави зист баҳои баланд доданд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *