Семинар – омӯзиши  ҳифзи муҳити зист, саломатӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ  

ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

Семинар – омӯзиш оиди ҳифзи муҳити зист, саломатӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

       Санаи 5 ноябри соли 2025 дар бинои Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун” бо мақсади такмил ва таҳкими савияи дониши кормандони Мудирият ва мутахассисони соҳаи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ва паймонкорон оид ба масъалаҳои пешгирӣ, рафъи ҳолатҳои фавқулода, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва саломатӣ, инчунин риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, тибқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи Муассисаи давлатии «ММЗ НБО-и Роғун»” дар доираи талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зисту саломатии инсон семинари  омӯзиши ташкил намуданд.

       Таваҷҷуҳи асосии семинар – омӯзиш марбута ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва паймонкорон буда, ҳадафи асосии омӯзиш ин пешгирии рафъи эҳтимолияти ҳолатҳои фавкулода, ҳифзи муҳити зист, саломати ва техникаи бехатарӣ мебошад.

      Дар семинар-омӯзиш зиёда аз 20-нафар намояндагони Мудирияти МД, “ММЗ НБО-и Роғун”,  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва паймонкорон ширкат варзиданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *