Вохӯрӣ бо аҳолии кӯчонидашавандаи деҳаҳои Алигалабони боло ва Хумроғи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод
Санаи 13 ноябри соли 2025, тибқи нақшаи кории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО- и Роғун» бо аҳолии кӯчонидашавандаи деҳаҳои Алигалабони боло ва Хумроғи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҷиҳати интихоби маҳалли нави зист ва таҳияи рӯйхати хоҷагӣ ва оилаҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раис ва сохторҳои дахлдорӣ ноҳияи Нуробод иштирок намуданд.
Муовини директори МД «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО -и Роғун» Саидзода Р. баромад карда, қайд намуданд, ки барои саривақт кӯчонидани аҳолии деҳаҳои мазкур, ки дар нақшаи амалиёти кӯчонидани аҳолӣ (НАК-2) қарор доранд, дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 140 қитъаи замин, дар ноҳияи Нуробод дар панҷ мавзеъ: деҳаи Роғуни боло 18.8 га, шаҳраки Дарбанд 7 га, деҳаи Оби лурд 40.24 га, деҳаи Туғчӣ 37,67 га ва деҳаи Хуфак 14.32 га, ки 923 қитъаҳои замини наздиҳавлигиро ташкил менамояд омода гардидааст ва нақшаи кулли маҳаллаҳои мазкурро муаррифӣ намуданд.
Сипас, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба имтиёзҳо ва кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раванди кӯчонидан ба аҳолӣ расонида мешавад, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Оид ба масъалаҳои болозикр Разоқов Абдуназар – омўзгори муассисаи таҳсилоти ибтидоии №75, Ризвонов Қаҳрамон, Хонов Амриддин корманди НБО – и Роғун аз деҳаи Хумроғ, Каримов Сунатулло раиси маҳалла, Файзуллоев Туфалаг, Ҳалимов Абдурозиқ сокинони деҳаи Алигалабон баромад намуда, фикру андешаҳои худро баён карда, хоҳиш намуданд, ки онҳоро аз заминҳои ноҳияи Файзобод ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намоем.
Баъди баррасии масъалаҳои рўзнома қарор қабул карда шуд, ки ҳайати намояндагии деҳаҳои мазкур бо роҳбарии сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод рӯзҳои наздик аз мавзеъи Дашти маҳтобии ноҳияи Файзобод дидан намуда, сипас хулосаҳои худро пешниҳод менамоянд.