ШАНБЕГӢ ДАР МУДИРИЯТ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Рӯзи 13 – уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтан аз рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии Мудирият баргузор гардид.
Дар ҳашари мазкур муовинон, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Мудирият фаъолона ширкат намуда, дар корҳои ободониву тозакорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар доираи шанбегӣ ҳудуди бинои асосии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва Агентии авиатсияи гражданӣ тозаву озода гардонида шуда, алафҳои бегона ва хушк даравида шуданд.
Ҳамзамон, саҳни бинои асосии Мудирият ва Агентӣ роҳравҳо, ҷойи нишаст ва муҳити атроф аз партовҳо пок карда шуда, корҳои ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист анҷом дода шуданд.
Зимни баргузории шанбегӣ саҳни Мудирият ва Агентӣ, ҳудуди вобасташуда ва ҷӯйбору роҳравҳо тозаю озода карда шуда, ҳайати кормандони Мудирият дар ин маъракаи тозакорӣ саҳми худро гузоштанд.
Иштироки фаъоли кормандони Мудирият дар шанбегии имрӯза бори дигар аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории онҳо дар ободии муҳити бинои асосии Мудирият ва Агентӣ шаҳодат медиҳад.