ОМӮЗИШ ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ МЕХАНИЗМИ ЭЛЕКТРОНИИ БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲО (E-GRM)

Ахбор ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ОМӮЗИШ ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ МЕХАНИЗМИ ЭЛЕКТРОНИИ БАРРАСИИ АРЗУ ШИКОЯТҲО (E-GRM)

          Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Бонки Умумиҷаҳонӣ омӯзиш оид ба таҳия ва ҷорӣ намудани низоми электронии «Механизми баррасии арзу шикоятҳо» (E-GRM) баргузор гардид.
          Ҳадафи асосии баргузории омӯзиш баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварӣ, сабт, таҳлил ва коркарди маълумот, истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотӣ, инчунин такмили низоми қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон мебошад.
          Дар рафти омӯзиш мушовири лоиҳа Жуан Пейн оид ба аҳамият ва нақши механизми баррасии арзу шикоятҳо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки низоми мазкур барои таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, механизми баррасии шикоятҳо аз се марҳилаи асосӣ иборат мебошад.
          Марҳилаи аввал баррасии муроҷиатҳо дар сатҳи Мудирият ва сохторҳои масъули татбиқкунандаи лоиҳаҳоро дар бар мегирад. Дар сурати ҳалли худро наёфтани масъала, муроҷиат ба марҳилаи дуюм – комиссияи баррасии арзу шикоятҳо ирсол мегардад. Марҳилаи сеюм ба мақомоти ваколатдор ва хадамоти масъули баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста буда, барои ҳалли ниҳоии масъалаҳои пешниҳодшуда, татбиқ мегардад.
          Ҳамчунин, мушовири лоиҳа Карэн Риверос зимни омӯзиш қайд намуд, ки дар доираи низоми E-GRM ду гурӯҳи асосии шикоятҳо ба қайд гирифта мешаванд. Ба онҳо шикоятҳои вобаста ба муҳоҷирон ва новобаста ба муҳоҷирон дохил мешаванд. Таъкид гардид, ки таснифоти дурусти муроҷиатҳо барои баррасии саривақтӣ ва қабули қарорҳои муассир аҳамияти калон дорад.
          Дар ҷараёни омӯзиш ба иштирокчиён аз Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун», Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и Роғун» тарзи истифодаи амалии барномаи E-GRM, ворид намудани маълумот, бақайдгирии муроҷиатҳо, пайгирии марҳилаҳои баррасӣ ва омодасозии ҳисоботҳо омӯзонида шуд.
Иштирокчиён бо имкониятҳои техникии низоми мазкур шинос гардида, оид ба тартиби қабул, сабт ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, назорати иҷрои онҳо ва сабти ягонаи маълумотҳо, маълумоти муфассал гирифтанд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба ҳифзи маълумот, таъмини дастрасии истифодабарандагон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низом мавриди муҳокима қарор гирифт.
          Мутахассисони дахлдор дар рафти омӯзиш фаъолона иштирок намуда, дониш ва малакаҳои касбии худро дар самти истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, коркарди маълумот ва идоракунии муроҷиатҳои шаҳрвандон такмил доданд. Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба татбиқи амалии низоми E-GRM мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои такмили минбаъдаи он иброз доштанд.
          Баргузории чунин омӯзишҳо барои ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкории муассир байни мақомоти масъул ва шаҳрвандон мусоидат намуда, дар беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳолӣ нақши муҳим мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *