Дар доираи Лоиҳаи НБО «Роғун» машварати саҳроии Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ баргузор гардид
19 июни соли 2026 дар деҳаи Ҳакимии Болои Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, дар доираи Лоиҳаи неругоҳи барқи обии «Роғун», сафари саҳроии ҳайати Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (АБИИ) баргузор гардид. Лоиҳаи НБО «Роғун» яке аз се лоиҳаи мақсадноки АБИИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Айни замон АБИИ Ёддошти амалиро оид ба масъалаҳои зӯроварии гендерӣ, истисмори ҷинсӣ, таҷовуз ва озор (ГН/СГН) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳия менамояд.
Дар доираи ин ташаббус гурӯҳи кории АБИИ таҳқиқоти саҳроиро ҷиҳати арзёбии самаранокии механизмҳои мавҷудаи пешниҳоду баррасии шикоятҳо (МПБШ) дар сатҳи лоиҳаҳо анҷом медиҳад. Ҳадафи таҳқиқот муайян намудани имкониятҳо барои такмили минбаъдаи ин механизмҳо бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва таҳкими чораҳои ҳифзи шахсони зарардида мебошад.
Дар рафти сафар вохӯриҳои судманд бо роҳбарияти ҷамоат, инчунин машваратҳои алоҳида бо гурӯҳҳои мардон ва занони аҳолии маҳаллӣ баргузор гардиданд. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои вобаста ба кӯчонидани аҳолӣ, пардохти ҷубронпулӣ барои амвол ва дороиҳои аз дастрафта, ҷудо намудани қитъаҳои нави замин дар ноҳияи Файзобод, таъмини аҳолии кӯчонидашаванда бо оби тозаи нӯшокӣ, омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, бахусус занон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сокинони маҳаллӣ машваратҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок карданд. Онҳо барои таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мубрами ҷомеа ва ба инобат гирифтани пешниҳодҳои худ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои идомаи муколама баён доштанд.
Натиҷаҳои сафар нишон доданд, ки вохӯриҳои саҳроӣ барои ҷамъоварии маълумоти босифати ибтидоӣ оид ба ниёзҳои воқеии аҳолии кӯчонидашаванда ва арзёбии сатҳи огоҳии онҳо аз механизмҳои пешниҳоду баррасии шикоятҳо аҳамияти муҳим доранд. Ҳамзамон, чунин мулоқотҳо ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ба лоиҳа ва баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар раванди татбиқи он мусоидат намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамоҳангии самараноки байни мутахассисони АБИИ, Мудирият ва роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ барои баргузории босамари корҳои саҳроӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Маълумоти дар ҷараёни сафар ҷамъоваришуда ва андешаҳои сокинони маҳаллӣ, бахусус занон ҳамчун яке аз гурӯҳҳои осебпазир ҳангоми кӯчонидан, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, ҳангоми таҳияи Ёддошти амалии АБИИ истифода хоҳанд шуд. Ин ҳуҷҷат барои такмили механизмҳои пешниҳоду баррасии шикоятҳо, баланд бардоштани дастрасӣ ва бехатарии онҳо барои шаҳрвандон ва коҳиши хавфҳои зӯроварии гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар Нуробод машварат оид ба таҳияи ёддошти амалӣ вобаста ба масъалаҳои гендерӣ баргузор шуд
19 июни соли 2026 дар деҳаи Ҳакимии Болои Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, дар доираи Лоиҳаи неругоҳи барқи обии «Роғун», машварати саҳроии намояндагони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (АБИИ) баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи таҳияи Ёддошти амалии АБИИ оид ба масъалаҳои зӯроварии гендерӣ, истисмори ҷинсӣ, таҷовуз ва озор (ГН/СГН) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – роҳандозӣ шуд.
Ҳадафи сафари коршиносон арзёбии самаранокии механизмҳои мавҷудаи пешниҳоду баррасии шикоятҳо дар сатҳи лоиҳаҳо ва муайян намудани роҳҳои такмили онҳо бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳолӣ, бахусус гурӯҳҳои осебпазир, буд.
Дар доираи сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти ҷамоат ва сокинони маҳаллӣ, инчунин машваратҳои алоҳида бо гурӯҳҳои мардону занон баргузор гардид. Зимни мулоқотҳо масъалаҳои кӯчонидани аҳолӣ, пардохти ҷубронпулӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, махсусан занон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи масъулон, сокинон дар машваратҳо фаъолона иштирок намуда, пешниҳод ва андешаҳои худро озодона баён карданд. Маълумоти ҷамъоваришуда барои таҳияи Ёддошти амалии АБИИ истифода шуда, ба такмили механизмҳои пешниҳоду баррасии шикоятҳо ва коҳиши хавфҳои зӯроварии гендерӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамкории муассири намояндагони АБИИ, роҳбарияти лоиҳа ва мақомоти маҳаллӣ барои баргузории муваффақонаи корҳои саҳроӣ ва таҳкими муколама бо аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овард.