ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ МУДИРИЯТ

Ахбор ХАБАРҲО ҲИСОБОТҲО

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛИ МУДИРИЯТ

           8 – уми июли соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026-и Мудирият баргузор гардид.

          Дар ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи Мудирият, сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Абдуллозода, директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо ва аз ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, паймонкорон иштирок намуданд.

          Нахуст директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода маҷлисро оғоз ва ҳозиринро бо тартиби гузаронидани машварат шинос намуда, аз иштирокчиён хоҳиш намуд, ки доир ба беҳтар намудани кори Мудирият, ташкилотҳои паймонкор, молрасону хизматрасон ва дигар сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун фаъолият доранд, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз намоянд.

          Доир ба масъалаи баррасишавандаи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи шашмоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

          Дар суханрониҳо асосан дар бораи корҳои анҷомшудаи Мудирият дар шаш моҳи аввали соли 2026 сухан рафт.

        Инчунин, зикр гардид, ки кормандони Шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии Мудирият вазифадор карда мешавад, ки кӯчонидани аҳолии деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳия Нурободро идома дода, то охири соли 2026 ба пуррагӣ кӯчонида шавад.

          Сипас аз тарафи директори Мудирият таклифу пешниҳодҳои муфиду мушаххас изҳор гардида, ба масъулин барои рафъи камбуду норасоиҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *