Баргузории вохӯрӣ дар деҳаҳои Алигалабон ва Хумроғи Ҷамоати деҳоти Ҳакимии н.Нуробод.
Санаи 1-уми августи соли 2026 дар деҳаҳои Алигалабон ва Хумроғи Ҷамоати деҳоити Ҳакимии ноҳияи Нуробод бо иштироки директори МД ММЗ НБО-и Роғун Ҷамилзода М.Ф., раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Ф.Ҳ., муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод Раҳмонзода З., муовини директори МД ММЗ НБО-и Роғун Саидзода Р., Сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод Ҷониён З., сардори шӯъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии МД ММЗ НБО-и Роғун Розиев Ғ., мутахассис оид ва кӯчонидан Мағзумов С., мутахассис оид ба сиёсати гендерӣ Сафоева Д., мутахассисон оид ба воситаҳои рӯзгузаронии шӯъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии МД ММЗ НБО-и Роғун Хонов О. ва Насибова Ф., раиси Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ Зоиров С., ва 110-нафар сокинони деҳаҳои Алигалабон ва Хумроғи Ҷамоати дехоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таҳлили рӯйхати хоҷагиҳо ва оилаҳои кучонидашавандаи деҳаҳои Алигалабон ва Хумроғи Ҷамоати деҳои Ҳакими, интихоби мавзеъи нави зист ва риояи талаботҳои бехатарии аҳоли барасси гардид.
Дар рафти вохӯрӣ фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён дар шакли шифоҳӣ шунида шуда, аз тарафи Ҷамилзода М.Ф., Солеҳзода Ф.Ҳ., ва мутахассисони соҳавии дахлдор ба саволҳои ба миён омада ҷавобҳои муфассали қаноатбахш доданд.
Ҳамзамон, масъулини Мудирият якҷоя бо сохторҳои дахлдори мақомати иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба сокинони деҳаҳои Алигалабон ва Хумроғи Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ мухтасар аз раванди муҳоҷирати иҷборӣ, принспҳои асоси ва бандҳои калиди дар рафти интихоби қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз мавзеъҳои пешниҳодгардида дар ноҳияҳои Хуросон, Лахш, шаҳраки Дарбанд ва шаҳри Турсунзода маълумотҳо манзур гардиданд.