НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ КОҲИШДИҲӢ БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАВФҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ЭКОЛОГӢ, ВОБАСТА БА ПУРШАВИИ БАНАҚШАГИРИФТАШУДАИ ОБАНБОР ТО САТҲИ 1140 М АЗ САТҲИ БАҲР ДАР СОЛИ 2026

ХАБАРҲО ҲИСОБОТҲО

 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

ЛОИҲАИ НБО РОҒУН

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ КОҲИШДИҲӢ БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАВФҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ЭКОЛОГӢ, ВОБАСТА БА ПУРШАВИИ БАНАҚШАГИРИФТАШУДАИ ОБАНБОР ТО САТҲИ 1140 М АЗ САТҲИ БАҲР ДАР СОЛИ 2026

 

МУДИРИЯТИ МИНТАҚАИ ЗЕРИОБШАВАНДАИ НБО РОҒУН

Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 майи соли 2026

 

МУНДАРИҶА

 

  1. Муқаддима. 2
  2. Тавсифоти минтақаи таъсиррасонӣ. 3
  3. Хавфҳои иҷтимоӣ ва оқибатҳои эҳтимолӣ. 4
  4. Чорабиниҳои пешниҳодшуда оид ба коҳиш додани оқибатҳо ва бартараф намудани хавфҳои иҷтимоӣ ва экологӣ. 4

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ. 5

Беҳтарсозии роҳҳо ва пулҳо. 6

  1. Сохтмони роҳҳои нав ва пулҳои доимӣ. 7

Чорабиниҳои экологӣ. 7

Чорабиниҳои иҷтимоӣ ва санитарӣ. 7

Чорабинҳои иқтисодӣ. 7

Чорабиниҳои техникӣ ва лоиҳакашӣ. 8

Дастгирии иқтисодии аҳолӣ. 8

  1. Механизми баррасии шикоятҳо. 9

Мақсад ва принсипҳои механизми баррасии шикоятҳо. 9

Тартиботи МБШ… 9

  1. Нақшаи чорабиниҳои коҳишдиҳии оқибатҳо. 11
  2. Ҷадвали татбиқ. 17
  3. Буҷет. 17
  4. Мониторинг ва арзёбӣ. 17

 

 

 

 

 

1.      Муқаддима

Ин Нақшаи чорабиниҳо барои коҳиш додани хавфҳои иҷтимоӣ ва экологӣ хавфҳо ва оқибатҳои марбут ба амалисозии Нақшаи умумии татбиқ (НУТ) ва Нақшаи пуршавии обанборро дар бар мегирад, аз ҷумла хавфҳо ва оқибатҳои кутоҳмуддате, ки бо пуршавии барномарезишудаи обанбор то сатҳи 1140 м аз сатҳи баҳр дар соли 2026 алоқаманданд.

Бояд қайд кард, ки дар охирин вақтҳо як қатор нусхаҳои таҷдидшудаи НУТ ва Нақшаи пуршавии обанбор барои лоиҳаи НБО Роғун таҳия шудаанд. Ғайр аз ин, дар соли 2026 пули Чорсада – Сангдевор аз кор бароварда мешавад. Дар натиҷаи ин, роҳи муоширати аз соҳили рост ба соҳили чапи обанбор ва баръакс барои сокинони деҳаҳои Сайидони боло, Бедихо, Роғуни боло, Сангдевор ва Кумбак тағйир меёбад.

Инчунин бояд қайд кард, ки дар давраи баланд шудани сатҳи обанбор то сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр, дар воқеъ хатари ҳақиқии зериобмонии ягон нуқтаи аҳолинишини деҳот ё ҷудошавии пурраи онҳо вуҷуд надорад.

Расми 1 – Роҳҳо ва пулҳои мавҷуда дар соҳили чап

Сокинони деҳаҳои Сайидони боло ва Бедихо иҷозатномаҳои махсус доранд, ки ба онҳо имкон медиҳанд бо роҳҳо ва туннелҳое, ки аз майдони сохтмони НБО Роғун мегузаранд, барои муоширати нақлиётӣ бо соҳили рост истифода баранд. Онҳо инчунин метавонанд аз роҳҳои байнидеҳотии мавҷуда, ки ба пули Меҳробод – Яхч мебаранд, истифода баранд, ки тақрибан дар масофаи 12 километрӣ (агар аз рӯи маҷрои дарё ҳисоб карда шавад) болотар аз пули Чорсада ҷойгир аст. Он дар баландии 1144,61 м. ҷойгир буда, барои ин деҳаҳо наздиктарин хоҳад буд.

Аммо дар айни замон сокинони деҳаҳои Сайидони боло, Бедихо, Роғуни боло, Сангдевор ва Кумбак барои ҳаракат аз пули Чорсада истифода мебаранд. Ва аз кор баровардани он боиси дарозшавии роҳи муошират барои аҳолинишинҳои дар боло зикршуда мегардад, ки ин бархурди маҷмӯиро барои коҳиш додани оқибатҳо ва дастгирии ҷамоатҳои таъсирбардида тақозо мекунад. Расидан ба сатҳи оби 1140 м аз сатҳи баҳр ба моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 банақшагирӣ шудааст.

Пуршавии минбаъдаи обанбор, яъне аз сатҳи 1140 м аз сатҳи баҳр болотар, метавонад боиси маҳдудшавӣ ё аз даст рафтани дастрасӣ ба захираҳо ва объектҳои инфрасохтори ҷамъиятӣ барои сокинони боз 14 деҳаи ҷамоати Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод гардад, ки дар онҳо 8830 нафар (2018 хоҷагии хонагӣ) зиндагӣ мекунанд. Аммо дастрасӣ ба соҳили рост ва объектҳои инфрасохтори ҷамъиятӣ пурра аз даст намеравад (ба истиснои он, ки он аз тариқи як нуқтаи муайян дастнорас мешавад, вале аз тариқи нуқтаи дигар дастрас хоҳад буд).

2.      Тавсифоти минтақаи таъсиррасонӣ

Маҳаллаҳои аҳолинишини Сайидони боло, Бедихо, Роғуни боло, Сангдевор ва Кумбак аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар соҳили чапи обанбори Роғун ҷойгиранд. Деҳаи Сайидони боло аз ҷиҳати маъмурӣ ба шаҳри Роғун тааллуқ дорад, деҳаҳои дигар — ба ноҳияи Нуробод.

Дар ҷадвали зерин шумораи хоҷагиҳои хонагӣ ва объектҳои инфрасохтор, ки дар натиҷаи пуршавии обанбор таъсир мебинанд, оварда шудааст. Тибқи маълумоти гирифташуда, деҳаҳои таъсирбардида чунин намуд доранд..

№р/т Номи деҳа Шумораи хоҷагиҳои хонаводагӣ ва оилаҳо Шумораи аҳолӣ мактаб Маркази тиббӣ қабристон
1 Сайидони боло 103 534 1 1 1
2 Бедиҳо 115 539 1 1
3 Роғуни боло 119 419 1 1 1
4 Сангдевор 194 840 1 1 1
5 Қумбак 117 497 1 1 1

Бояд қайд кард, ки тағйирёбии роҳҳои нақлиётӣ ба сокинон ва ҷамоатҳо дар маҷмӯъ ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ хоҳад дошт.

 

Масалан, дарозии роҳ то шаҳри Роғун, яъне то маркази ноҳия, ҳангоми истифодаи роҳҳо ва туннелҳои НБО Роғун кӯтоҳ мешавад. Аммо вақти роҳ то бозоре, ки дар минтақаи Чорсада ҷойгир аст [1], вобаста ба ҷойгиршавии деҳаи мушаххас, 15–35 дақиқа зиёд мешавад. Дар айни ҳол дар ояндаи наздик расидан ба он ҷо тавассути роҳҳои байнидеҳотии аз минтақаҳои кӯҳии сахтгузар ноил мешавад. Ин роҳҳо инчунин минтақаҳои селхезро мебуранд, масалан, дарёи Оби Намак.

3.      Хавфҳои иҷтимоӣ ва оқибатҳои эҳтимолӣ

Дар сурати маҳдуд шудани дастрасӣ бинобар шароити номусоиди обу ҳаво ва мушкил шудани дастрасӣ ҳангоми обхезӣ, сел ва ярч ба бозор ва дигар объектҳои инфрасохтори ҷамъиятӣ дар соҳили рост, метавонанд хавфҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла:

  • душворӣ дар дастрасӣ ба захираҳо ва объектҳои инфрасохтори ҷамъиятӣ;
  • муноқишаҳои иҷтимоӣ ва норозигӣ;
  • осебпазирии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (камбизоат, солхӯрда, маъюб, занони сарпарасти хоҷагиҳои хонаводагӣ)

 

Таҳияи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани оқибатҳо ва дастгирии ҷамоатҳои таъсирдида бархурди маҷмӯиро тақозо мекунад.

4.      Чорабиниҳои пешниҳодшуда оид ба коҳиш додани оқибатҳо ва бартараф намудани хавфҳои иҷтимоӣ ва экологӣ

Ҳангоми арзёбии хавфҳо ва банақшагирии чорабиниҳои коҳишдиҳӣ як қатор нуктаҳои муҳимро бояд ба назар гирифт:

  • Роҳи дастрасӣ бо роҳи асосӣ[2] дар соҳили рост ҳам ҳангоми расидан ба сатҳи 1140 м ва ҳам дар ҷараёни пуршавии минбаъдаи обанбор тағйир меёбад.
  • Дарозии роҳ то бозоре, ки дар минтақаи Чорсада ҷойгир аст, дар сатҳи оби 1140 м аз сатҳи баҳр зиёд мешавад, зеро расидан ба он ҷо тавассути роҳҳои байнидеҳотии аз минтақаҳои кӯҳии сахтгузар лозим меояд[3].
  • Сохтмони роҳҳои доимӣ[4]: оғоз намудани корҳои амалии сохтмони роҳҳои нав ва роҳҳои нақлиётӣ (аз ҷумла муваққатӣ, агар сохтмони роҳҳои нав дар дурнамои кӯтоҳмуддат ғайриимкон бошад).
  • Сохтмони пулҳои нави доимӣ [5]: дар тӯли роҳи ба деҳаҳои боқимонда якчанд ҷӯй ва дарё ҷорист, ки ин минтақаро осебпазир мегардонад, махсусан дар давраи обхезӣ, вақте ки сатҳи об баланд мешавад ва сел меояд. Пулҳои кӯҳна метавонанд вайрон шаванд ё сарбориии навро тоб наоранд.
  • Сохтмони системаҳои дренажӣ: барои таъмини устувории роҳ дар нуқтаҳои буриши он бо дарёҳо, зарур аст системаҳои дренажӣ сохта шаванд, то пешгирии зериобмонӣ ва фарсоиш таъмин гардад.
  • Мустаҳкамкунии нишебиҳо: дар қитъаҳое, ки сел зуд-зуд рух медиҳад, гузаронидани мустаҳкамкунии нишебиҳои роҳ муҳим аст, масалан бо истифода аз системаҳои гидротехникӣ, мустаҳкамкунӣ (армировка), инчунин сохтани сарбандҳо ва иншооти муҳофизатӣ барои пешгирии ярч ва сел.
  • Мониторинги ҳолати роҳҳо: насб намудани системаҳои мониторинг барои муайян кардани саривақтии осебҳои роҳ, ки аз ҳодисаҳои табиӣ (масалан, сел, обхезӣ) ба вуҷуд меоянд ва, дар сурати зарурат, барқарорсозии фаврии инфрасохтор.
  • Лоиҳакашии пулҳои нав бояд бо назардошти хусусиятҳои геологӣ ва гидрологии минтақа сурат гирад:
  • Мустаҳкамии баланд.
  • Ҳифз аз сел ва обхезӣ.
  • Қобилияти гузаронидани ҳаҷми зиёди об.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ

Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иттилоотрасонӣ ба аҳолӣ ҷузъи муҳими маҷмӯи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани оқибатҳо ва бартараф намудани хавфҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳангоми баланд бардоштани дурусти сатҳи огоҳӣ, аз бисёр хавфҳои эҳтимолӣ метавон канорагирӣ кард. Чорабиниҳои зарурӣ инҳоро дар бар мегиранд:

  • Гузаронидани машваратҳои ҷамъиятӣ.
  • Чорабиниҳо оид ба иттилоотдиҳӣ ба аҳолӣ дар бораи тағйирёбии роҳҳои ҳаракат, аз ҷумла насби баннерҳо ва тахтаҳои иттилоотӣ (нишонаҳо) дар тӯли роҳҳои асосии нақлиётӣ ва дар чорроҳаҳо, ки ронандагон ва пиёдагардонро дар бораи тағйирёбии роҳҳо огоҳ хоҳанд кард.
  • Гузаронидани корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, ба монанди ярч, сел, эрозияи хок дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дар роҳҳои автомобилгард.
  • Таълим оид ба амалиёт дар ҳолатҳои фавқулодда: гузаронидани дарсҳои амалӣ ва эвакуатсияи таълимӣ (машқҳо) дар деҳаҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳо, шинос намудани аҳолӣ бо роҳҳои хуруҷ, ҷойҳои ҷамъшавӣ ва паноҳгоҳҳо. Ташкили вохӯриҳои мунтазам бо сокинони ҷамоатҳои таъсирдида, инчунин гузаронидани семинарҳо ва лексияҳои мавзӯӣ бо иштироки мутахассисон оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда..

Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз ҷониби ММЗ гузаронида мешаванд, дар ҳоле ки чорабиниҳои мавзӯӣ бо ҷалби мутахассисон оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки насб намудани ҷелетҳои наҷотдиҳанда ё ҳалқаҳои наҷотдиҳанда дар тӯли соҳили обанбор мувофиқи мақсад нест, зеро ин метавонад дар самти риояи меъёрҳои бехатарӣ таъсири баръакс диҳад (хатари он вуҷуд дорад, ки аҳолӣ, махсусан кӯдакон, ба васваса афтода, ин таҷҳизотро барои шиноварӣ истифода баранд).

Беҳтарсозии роҳҳо ва пулҳо

Беҳтар намудани роҳҳо ва пулҳои мавҷуда яке аз чорабиниҳои асосии коҳишдиҳии оқибатҳо мебошад. Дар соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории заруриро ба маблағи 7,1 миллион сомонӣ барои амалисозии ин чорабиниҳо ҷудо кард. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд қариб тамоми (ё қисми зиёди) оқибатҳои номусоиди аз кор баровардани пули Чорсада бартараф карда шаванд.

Аммо танҳо сохтмони роҳҳои нав ва пулҳои доимӣ[6] метавонад хавфҳои иҷтимоии дар боло зикршударо пурра бартараф намояд. Ғайр аз ин, пули муваққатии мавҷудаи дарёи Оби Намак дар оянда ҳангоми сохтмони роҳҳои нав ва пулҳои доимӣ метавонад истифода шавад. Яъне харҷи он метавонад ҳамчун сармоягузорӣ ба лоиҳаи сохтмони 55 км роҳҳои нав дар соҳили чап ба ҳисоб гирифта шавад.

Ҳангоми беҳтар намудани ҳолати роҳи мавҷуда муҳим аст, ки чораҳо оид ба коҳиш додан (ё то ҳадди ақал расонидан)-и таъсири манфӣ ба муҳити зист, аҳолӣ ва иқтисодиёт андешида шаванд. Ин чораҳои коҳишдиҳии оқибатҳо ба чораҳои барои сохтмони роҳи нав ва пулҳои доимӣ пешбинишуда монанданд. Ба зер нигаред.

5.      Сохтмони роҳҳои нав ва пулҳои доимӣ

Ҳангоми сохтмони роҳҳои нав ва пулҳои доимӣ низ зарур аст, ки чораҳо оид ба коҳиш додан (ё то ҳадди ақал расонидан)-и таъсири манфӣ ба муҳити зист, аҳолӣ ва иқтисодиёт андешида шаванд.

Чорабиниҳои экологӣ

Дар зер категорияҳои асосии чорабиниҳои пешниҳодшуда ва мисолҳои мушаххас оварда шудаанд:

Ҳифзи гуногунии биологӣ:

  • Сохтмони экодукҳои (пулҳо барои ҳайвонот) муваққатӣ ва доимӣ ё гузаргоҳҳои зеризаминӣ.
  • Роҳ надодан ба буридани ҷангал ва нобудшавии навъҳои нодири растаниҳо.

Идоракунии обравӣ:

  • Насби системаҳои дренажӣ ва иншооти тозакунии маҳаллӣ.
  • Мустаҳкамкунии соҳилҳо, нишебиҳо, истифодаи геоматериалҳо.

Коҳиш додани ифлосшавии ҳаво:

  • Истифодаи техникаи сохтмонии дорои сатҳи пасти партовҳо.
  • Обпошии роҳҳо ва майдонҳои сохтмонӣ барои коҳиш додани чангзоӣ..

Ҳифз аз садо:

  • Насби экранҳои зиддисадо дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ.
  • Истифодаи пӯшишҳои ҷаббандаи садо..

Чорабиниҳои иҷтимоӣ ва санитарӣ

Ба ҳадди ақал расонидани таъсир ба сокинони маҳаллӣ:

  • Лоиҳакашӣ ва интихоби роҳҳое, ки имкон медиҳанд аз наздикӣ ба мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаҳо канорагирӣ карда шавад.
  • Эҷоди роҳҳои гардиши муваққатӣ ва гузаргоҳҳои бехатар..

Маҳдуд кардани вақти гузаронидани корҳо:

  • Манъи анҷом додани корҳои пурсадо дар вақти шаб ва рӯзҳои истироҳат.

Чорабинҳои иқтисодӣ

Дастгирии ҷамоатҳои маҳаллӣ:

Афзалият ҳангоми кироя кардани сокинони маҳаллӣ. Дар давоми сохтмони роҳ ва пулҳои доимӣ дар соҳили чапи обанбори НБО Роғун ҳангоми ба кор қабул кардан афзалият ба сокинони маҳаллӣ дода мешавад. Ин ба эҷоди ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ, таъмини рушди устувори иқтисодии ҷамоатҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Дастгирии соҳибкории хурд (масалан, нуқтаҳои муваққатии савдо дар тӯли роҳ ё дар деҳаҳо) на танҳо ба баланд бардоштани дастрасии молу хидматрасонӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунад, балки инчунин ҷойҳои кории иловагӣ эҷод менамояд. Дар Тоҷикистон барномаҳо ва ташаббусҳои гуногун оид ба дастгирии соҳибкории хурд амал мекунанд, ки метавонанд ба минтақаи таъсиррасонии лоиҳа паҳн карда шаванд.

Чорабиниҳои техникӣ ва лоиҳакашӣ

Банақшагирӣ бо назардошти омилҳои экологӣ ва иҷтимоӣ:

  • Таҳияи Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоӣ (НИЭИ).

Интихоби роҳи беҳина:

  • Бо назардошти ба ҳадди ақал расонидани буришҳо бо объектҳои обӣ, аҳолинишинҳо ва ёдгориҳои табиӣ.

Марҳилавӣ будани сохтмон:

  • Коҳиши марҳилавии шиддатнокии корҳо дар қитъаҳои алоҳида.
  • Ҷудо кардани ҷараёнҳои техника барои коҳиш додани чангзоӣ ва садо.

 

Дастгирии иқтисодии аҳолӣ

Дастгирии иқтисодии аҳолии соҳили чап метавонад дар доираи Нақшаи барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ амалӣ гардад, ё тавассути паҳн намудани ташаббусҳои монанди дигар ба ин минтақа. Масалан:

Дастгирии кишоварзӣ: дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба расонидани дастгирии иқтисодӣ ва кишоварзӣ ба аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои деҳот, амалӣ карда мешаванд. Ин ташаббусҳо ба беҳтаршавии шароити зиндагӣ, баланд шудани даромад ва эҷоди ҷойҳои корӣ мусоидат мекунанд. Зарур аст имконияти паҳн намудани ин барномаҳо ба минтақаи таъсиррасонии лоиҳа баррасӣ карда шавад.

Омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи ихтисос: гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо барои деҳқонон ва сокинони маҳаллӣ, ки ба азхудкунии технологияҳо ва усулҳои нави хоҷагидорӣ равона шудаанд. Зарур аст имконияти паҳн намудани барномаҳои амалкунандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба минтақаи таъсиррасонии лоиҳа баррасӣ карда шавад.

Расонидани хидматҳои маблағгузории хурд: таъмини дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои соҳибкорони навкор ва деҳқонон, ки ба рушди соҳибкории хурд ва эҷоди ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад. Бояд имконияти паҳн намудани барномаҳои амалкунанда ба минтақаи таъсиррасонии лоиҳа баррасӣ карда шавад.

Рушди инфрасохтор дар соҳили чап: сохтмон ва азнавсозии объектҳои таъйиноти кишоварзӣ, аз қабили анборҳо ва корхонаҳои коркард, ки ин имкон медиҳад шароити меҳнат беҳтар ва самаранокии истеҳсолот баланд карда шавад. Ин чорабиниҳо метавонанд дар доираи ҳама гуна барномаҳои миллӣ амалӣ карда шаванд.

Рушди сарчашмаҳои алтернативии даромад: рушди сарчашмаҳои алтернативии даромад бархурди маҷмӯиро тақозо мекунад, ки таълим, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро дар бар мегирад. Ташаббусҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин ҳамкории байналмилалӣ дар эҷоди моделҳои устувор ва самарабахш барои аҳолии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд.

6.      Механизми баррасии шикоятҳо

Механизми мавҷудаи баррасии шикоятҳо (МБШ) навсозӣ ва таҷдиди назар карда шуд, то ба таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ мутобиқат намояд. МБШ равандҳои қабул, пазируфтан, баррасӣ, ҳалли масъала ва хотима бахшидан ба масъалаҳои оперативӣ, мулоҳизаҳо, мушкилот ё шикоятҳоро (минбаъд — «шикоятҳо») дар бар мегирад.

Ин МБШ барои ҷонибҳои манфиатдори берунӣ, ки аз фаъолияти НБО Роғун таъсир мебинанд, пешбинӣ шудааст, на барои кормандон ё коргарони ГТЛ ё ММЗ. Барои кормандони ГТЛ, ММЗ ва пудратчиён механизми алоҳидаи дохилии баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар карда шудааст. МБШ барои коргарон дар Тартиботи идоракунии захираҳои меҳнатӣ (ТИЗМ) муфассал тавсиф шудааст.

Мақсад ва принсипҳои механизми баррасии шикоятҳо

Мақсади ин МБШ аз инҳо иборат аст:

  • Таъмини баррасии масъалаҳое, ки аз ҷониби ҷонибҳои манфиатдор бардошта мешаванд, дар асоси боэътимод, пешбинишаванда, шаффоф ва одилона;
  • Таъмини ҳалли фаврии шикоятҳо;
  • Таъмини баррасии муроҷиатҳо ва шикоятҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки аксар вақт ба равандҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои баррасии шикоятҳо дастрасӣ надоранд; ва
  • Баланд бардоштани ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷонибҳои манфиатдор.

Тартиботи МБШ

ГТЛ ва ММЗ амалисозии тартиботи расмии баррасии шикоятҳо (муроҷиатҳо)-ро бо мақсади гирифтани фикру мулоҳизаҳои ҷамоатҳои таъсирдида ва ҷонибҳои манфиатдор оғоз мекунанд. Тартиботи баррасии шикоятҳо ҳамчун абзоре истифода мешавад, ки ба ҳалли саривақтӣ ва муваффақонаи муроҷиатҳои ҷонибҳои манфиатдор, инчунин мониторинги муносибатҳои Лоиҳа бо ҷамоати таъсирдида дар марҳилаҳои гуногуни амалисозии Лоиҳа мусоидат мекунад.

Раванди МБШ ду сатҳро дар бар мегирад:

  • Сатҳи 1 — раванди аввалин, ки дар доираи он НБО Роғун [7] ва арзкунанда машваратҳои бевосита мегузаронанд. Сатҳи 1-и механизми баррасии шикоятҳо раванди дохилӣ мебошад, ки дар он шикоятҳо мустақиман аз ҷониби ММЗ пас аз машварат бо арзкунанда баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.
  • Сатҳи 2[8] тартиботи баррасии шикоят ба Сатҳи 2 гузаронида мешавад, агар ҳалли мутақобилан қобили қабул пайдо нашавад. Раванди Сатҳи 2 иштироки ҷонибҳои сеюмро дар бар мегирад, ки дар он иштирокчиён тартиби равандро, ҷонибҳои ҷалбшуда ва воситаҳои ҳалли дастрасро мувофиқа мекунанд.

Маълумот дар бораи тартиботи баррасии шикоятҳо ба забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ васеъ паҳн карда мешавад. Маълумот дар бораи мавҷудияти механизми баррасии шикоятҳо тавассути ҳамаи офисҳои ҷамоатҳо, офисҳои ГТЛ ва ММЗ, инчунин офисҳои шаҳрҳои таъсирдида ба ҳамаи ҷамоатҳо расонида мешавад. Ғайр аз ин, дар нуқтаҳои калидии аҳолинишинҳои таъсирдидаи Лоиҳа плакатҳои ММЗ насб карда мешаванд. Дар Замимаи A варақаҳои ММЗ бо рақамҳои телефон ва дигар маълумоти тамос, ки байни аҳолӣ паҳн карда мешаванд, оварда шудаанд.

Бояд таъкид кард, ки иштирок дар МБШ набояд ба ҳуқуқи арзкунанда барои истифодаи дигар воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи судӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ё анъанавӣ монеа эҷод кунад ё халал расонад. Арзкунанда метавонад дар лаҳзаи дилхоҳ иштирокро дар МБШ қатъ намуда, ба воситаҳои дигари ҳифзи ҳуқуқи худ рӯй орад.

Дар зер нақшаи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани оқибатҳо барои ҷамоатҳое, ки дар минтақаи зериобшаванда зиндагӣ мекунанд, оварда шудааст.

 

 

 

 

 

 

7.      Нақшаи чорабиниҳои коҳишдиҳии оқибатҳо

Ҷадвали 1: Нақшаи чорабиниҳои коҳишдиҳии оқибатҳо

Чорабиниҳо барои коҳиш додани оқибатҳо Муҳлат Вазъият Муттасадӣ
1. Муайянкунӣ ва харитасозии минтақаи зериобшаванда
1.1 Гузаронидани таҳлили муфассали геодезӣ ва гидрологӣ барои муайян намудани дақиқи ҳудуди зериобмонӣ дар сатҳи 1140 м. То оғози болоравии сатҳи об Иҷрошуда ММЗ
1.2 Тартиб додани харитаи минтақаи хатарнок, ки дар бар мегирад:

·         хонаҳои истиқоматӣ;

·         объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ (мактабҳо, марказҳои тиббӣ, роҳҳо);

·         заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо, сарчашмаҳои об.

То оғози болоравии сатҳи об Иҷрошуда ММЗ
2. Қарорҳои инфрасохторӣ ва роҳӣ
2.1 Беҳтар намудани роҳҳо ва пулҳо то ба анҷом расидани зериобмонӣ:

·         Роҳҳои гардиши доимӣ ё муваққатӣ дар атрофи обанбор.

·         Сохтмони пулҳо аз болои объектҳои нави обӣ ва қитъаҳои эҳтимолан селхез.

·         Мониторинги устувории роҳҳо ва насби системаҳои дренажӣ.

 

Ҳарчӣ зудтар, ки имконпазир аст Сохтмони пули муваққатӣ барои сокинони деҳаҳои Бедихо ва Сайидони боло ба анҷом расидааст. Тендер оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар соҳили чап идома дорад (мӯҳлати тахминии сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар соҳили чап — 36 моҳ аст).

 

ММЗ (ва пудратчӣ);
ГТЛ;
Лоиҳакаш; 
2.2 o Насб намудани баннерҳо ва тахтаҳои иттилоотӣ (нишонаҳои самт) дар тӯли роҳҳои асосии нақлиётӣ ва дар чорроҳаҳо, ки ронандагон ва пиёдагардонро дар бораи тағйирёбии роҳҳо огоҳ хоҳанд кард. Пеш аз оғози корҳои амалӣ, минбаъд бо навсозии мунтазам Иҷрошуда ММЗ (ва пудратчӣ);
2.3 o Чорабиниҳо оид ба иттилоотонии аҳолӣ дар бораи тағйирёбии самти ҳаракат. Пеш аз оғози тағйирот Иҷрошуда ММЗ (ва пудратчӣ);

 

3. Кӯчонидани аҳолӣ
3.1 Таҳияи барномаи кучонидан, дар сурати зарурат:

·         Муайян намудани ҳамаи хонаҳое, ки бояд хароб карда шаванд.

·         Гузаронидани арзёбии арзиши амвол.

·         Бархурди инфиродӣ: пешниҳоди қитъаҳои нав, манзил ё ҷубронпулии пулӣ.

 

То оғози болоравии сатҳи об Иҷрошуда ММЗ
3.2 Сохтмони маҳаллаҳои аҳолинишини нав:

·         Инфрасохтор — таъминоти об, таъминоти барқ, мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо.

·         Ба назар гирифтани хусусиятҳои иқлимӣ ва фарҳангии макони нав.

 

Ҳарчӣ зудтар, ки имконпазир аст Идома дорад ММЗ (лоиҳакаш ва пудратчӣи)
4. Ҷуброни иҷтимоӣ-иқтисодӣ
4.1 Молиявӣ кӯмак ба кӯчандагон:

·         Пардохтҳои ҷубронӣ барои манзил, замин, талафоти ҳосил/чарогоҳ.

·         Пардохтҳои ҷубронӣ барои давраи мутобиқшавӣ.

Ҳарчӣ зудтар, ки имконпазир аст Идома дорад ММЗ
4.2 Дастгирии сарчашмаҳои даромад:

·         Додани қитъаҳои замин ба ивази заминҳои аз даст рафта (зериобмонда).

·         Барномаҳои эҷоди ҷойҳои корӣ (ҳунармандӣ, сохтмон, лоиҳаҳои кишоварзӣ ва ғ.).

 

Ҳарчӣ зудтар, ки имконпазир аст Идома дорад Мақомоти маҳаллии ҳокимият (ҳукуматҳо) ва Вазорати меҳнат, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи рушди худидоракунии маҳаллӣ бо мусоидати ММЗ дар доираи НБВР2
4.3 Дигар дастгирии зарурӣ ба хоҷагиҳои хонаводагӣ дар масъалаҳои интиқол ё гирифтани молу хидматрасонӣ то давраи ба анҷом расидани сохтмони роҳҳо ва пулҳои нав.

 

Дар сурати зарурат Идома дорад ММЗ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳо, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи рушди худидоракунии маҳаллӣ ва ғайра
5. Огоҳсозӣ ва иштироки аҳолӣ
5.1 Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ:

·        Иттилоотдиҳӣ дар бораи мӯҳлатҳои болоравии сатҳи об, кучонидан, ҷуброн.

Мунтазам Идома дорад ММЗ
5.2 o Таълим оид ба амалиёт дар ҳолатҳои фавқулодда: гузаронидани дарсҳои амалӣ ва эвакуатсияи таълимӣ дар мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон ва дигар муассисаҳо, шинос намудани аҳолӣ бо роҳҳои хуруҷ, ҷойҳои ҷамъшавӣ ва паноҳгоҳҳо.. Мунтазам, ҳарсол як маротиба

 

Идома дорад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) бо мусоидати ММЗ
5.3 o Гузаронидани корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, ба монанди ярч, сел, эрозияи хок дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дар роҳҳои автомобилгард. Мунтазам Идома дорад ММЗ
5.4 o Ташкили вохӯриҳои мунтазам бо сокинони ҷамоатҳои таъсирдида, инчунин гузаронидани семинарҳо ва лексияҳои мавзӯӣ бо иштироки мутахассисон оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда. Мунтазам, ҳар чаҳор моҳ як маротиба

 

Идома дорад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) бо мусоидати ММЗ
5. 5 Тамос бо аҳолӣ барои гирифтани фикру мулоҳизаҳо:

– Хатти телефонии таъҷилӣ ва штаб оид ба ҳалли масъалаҳои кучонидан.

o – Ҷалби роҳбарони маҳаллӣ ва фаъолон ба ҳамоҳангсозӣ.

Мунтазам Идома дорад (МБШ таҳия шудааст, қуттиҳо барои шикоятҳо насб карда шудаанд). ММЗ
6. Ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист
6.1 Арзёбии таъсир ба муҳити зист:
– Ҷангалҳо, намудҳои нодири ҳайвонот, заминҳои кишоварзӣ.
То оғози болоравии сатҳи об ва оғози корҳои сохтмонӣ Барои лоиҳаи сохтмони роҳҳо ва пулҳои байнидеҳотӣ НМИЭИ (Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоии махсус) таҳия карда шудааст. ММЗ;

ГТЛ;

6.2 Барномаи ҷуброни экологӣ:

·         Барқарорсозии заминҳо.

·         Ниҳолшинонии ҷангал.

 

То оғози болоравии сатҳи об ва оғози корҳои сохтмонӣ Барои лоиҳаи сохтмони роҳҳо ва пулҳои байнидеҳотӣ НМИЭИ (Нақшаи идоракунии экологӣ ва иҷтимоии махсус) таҳия карда шудааст. ММЗ;

ГТЛ;

7. Мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ
7.1 Ҳисоботҳои мунтазам оид ба раванди корҳо:

·         Болоравии сатҳи об.

·         Сохтмони иншооти инфрасохторӣ ва роҳ.

·         Пардохти ҷуброн.

·         Марҳилаҳои кучонидан.

Мунтазам, ҳармоҳа Барои лоиҳаи сохтмони роҳҳо ва пулҳои байнидеҳотӣ НМИЭИ таҳия карда шудааст. ММЗ
7.2 Назорати мустақилонаи ҷамъиятӣ (аз ҷумла аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳифзи муҳити зист, дар сурати мавҷуд будани таваҷҷуҳ ё маблағгузорӣ). Давра ба давра Идома дорад ММЗ;

ГТЛ;

 

 

 

8.      Ҷадвали татбиқ

Марҳилаҳои амалисозии Нақшаи мазкур бо ҷадвали пуршавии обанбор зич алоқаманд аст. Дар сурати зарурат, ба Нақшаи мазкур тағйирот ва иловаҳо ворид карда мешаванд.

9.      Буҷет

  • Арзёбии буҷет — баъдтар муайян карда мешавад
  • Сарчашмаҳои маблағгузорӣ — баъдтар муайян карда мешаванд.

10.  Мониторинг ва арзёбӣ

  • Нишондиҳандаҳои таъсири иҷтимоӣ — таҳия карда мешаванд
  • Механизмҳои мониторинги дохилӣ ва берунӣ — таҳия карда мешаванд
  • Ҳисоботдиҳии мунтазам — муайян карда мешавад.

Замимаи A

Нишонаҳои огоҳкунанда, ки дар тӯли соҳили обанбор насб карда мешаванд

Замимаи Б

Вохӯриҳои машваратӣ ва насби нишонаҳои огоҳкунанда

Замимаи В

Нишонаҳои огоҳкунанда, ки дар роҳҳои ба самти пули Чорсада баранда насб карда мешаванд

Замимаи Г

Насби нишонаҳои огоҳкунанда

   

Замимаи Д

Иттилоотрасонӣ барои хонандагони мактабҳо

 

Замимаи Е

Варақаи ММЗ

[1]Дар минтақаи Чорсада рӯзҳои шанбе ва якшанбе бозор амал мекунад, ки дар он мардум метавонанд молу мулки худро озодона, бидуни ягон монеа, харанду фурӯшанд..

[2] Роҳи автомобилгарди байналмилалии М-41.

[3] Дар ин қитъа ДЗЗ пули муваққатии дарозиаш 42 метр, зарфияти боркашониаш 40 тонна ва бараш 5,5 метрро сохта, ба истифода додааст.

[4] Лоиҳаи сохтмони 55 км роҳ ва пулҳо дар соҳили чап, ки аз ҷониби БОСИ (Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохтор) маблағгузорӣ мешавад. Ба ҳолати моҳи майи соли 2026 тендер оид ба интихоби пудратчии ТХС идома дорад..

[5] Ба монанди дар боло зикршуда.

[6] БОСИ розигӣ дод, ки ба ин лоиҳа 30 миллион доллари ИМА ҷудо кунад, ва ба зудӣ тендер ба анҷом мерасад.

[7] Минбаъд дар матн зерин НБО Роғун лоиҳа дар маҷмӯъ фаҳмида мешавад, яъне аз ҷумла ГТЛ, ММЗ ва ҶСК «НБО Роғун».

[8] Ба наздикӣ сохтори Сатҳи 2 навсозӣ шудааст, ва лоиҳаи сохтори нав ба Ҳукумат барои тасдиқ фиристода шудааст..

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *