Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №546 аз 27 октябри соли 2010 таъсис дода шуда, Оинномаи Мудирият бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3 аз 6 январи соли 2011 тасдиқ гардидааст.
Сохтори Мудирият аз директор, муовини якум-сармуҳандис, муовини директор, ёрдамчии директор, шуъбаҳои муҳосибот, ҳуқуқ ва кор бо маҳаллаҳо, кадрҳо, экологӣ ва иҷтимоӣ, қарордод ва харҷномаҳо, истеҳсолӣ, техникӣ, таъминотӣ, хоҷагидорӣ ва намояндагиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Роғуну Турсунзода, Данғараю Нуробод ва Рӯдакӣ иборат буда, мувофиқи басти вазифаҳои муайян ва тасдиқгардида дар Мудирият 47 нафар кормандони муҳандисӣ-техникӣ ва коргарон фаъолият менамоянд.
Тибқи Оиннома мақсаду вазифаҳои асосии Мудирият аз омода намудани минтақаи зериобшавандаи обанбори Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иборат буда, вобаста ба ин фаъолияти Мудирият ба ду самти асосӣ: муҳоҷират ва сохтмони инфрасохторҳо дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирони минтақаи зериобшаванда нигаронида шудааст, ки самти муҳоҷиратро дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон, КВД «Нархгузорӣ»-и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, ташкилоту муассисаҳои махсусгардонидашуда, Шурои уламо ва Ибодатгоҳи славянӣ, аҳолӣ, инчунин Бонки Умумиҷаҳонӣ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва самти сохтмони инфрасохторҳои заруриро дар ҳамкорӣ бо Вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зертобеи он, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон, Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ташкилотҳои литсензионӣ, пудратӣ ва молрасон амалӣ намуда истодааст.
Вазифаҳои оинномавии Мудирият:
– тартиб додан ва ба мувофиқа расонидани рӯйхати унвонии дохилии иншоот бо ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ;
– муайян кардани вазифа ва ба мувофиқа расонидани ҷадвали таъмини сохтмон бо ҳуҷҷатгузории лоиҳавию хароҷотӣ бо ҷалби ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва назорат оид ба иҷрои онҳо;
– аз ташкилотҳои ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакашӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию-ҷустуҷӯӣ барои сохтмон (дар мавриди зарурӣ муайян намудани комплексҳои бакорандозӣ), санҷиши сифат, мукаммалӣ ва саҳеҳии ҳуҷҷатгузорӣ ва ба ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ супоридани онҳо;
– бастани Шартномаҳо генералӣ ва қарордоҳои солона бо ташкилотҳои пудратӣ дар муҳлатҳои муайяншуда оид ба сохтмони асосӣ, мувофиқакунонии Созишномаҳои иловагӣ, инчунин шартҳои махсус ба ин қарордодҳо;
– таъмин намудани сохтмон бо таҷҳизоти технологӣ, энергетикӣ, электротехникӣ, дастгоҳҳо ва масолеҳе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фармоишгар вобаста карда шудааст, аз ҷониби Фармоишгар амалӣ мегардад;
– тадқиқоти лаборатории хок, конструксияҳои оҳану бетонӣ, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ;
– корҳои геодезию-маркшейдерӣ;
– дар муҳлати муайяншуда таъмин намудани пудратчиён бо ҳуҷҷатҳои аз ташкилотҳои дахлдор қабулкардашуда, аз ҷумла:
– тартиб додани санадҳо ҷиҳати ҷудо намудани замин;
– гирифтани иҷозати корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои хати барқ, алоқа, инчунин сохтмони роҳҳо;
– гирифтани иҷозат барои буридани ҷангал, кӯчонидани иншооту биноҳо дар мавриди зарурӣ;
– гирифтани иҷозат барои кӯчонидани қабристонҳо, ёдгориҳои таърихию археологӣ бо риояи талаботи санитарию-эпедемиологӣ ва ҳифзи муҳифти зист;
– ба пудратчӣ супоридани майдончаҳои сохтмонӣ, инчунин таҷҳизот, дастгоҳҳо ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, ки ба зимаи Фармоишгар гузошта шудааст;
– кӯчонидани аҳолӣ аз биноҳое, ки барои вайронкунӣ пешбинӣ шудаанд, гирифтани иҷозат аз ташкилотҳои дахлдор барои кӯчонидани хатҳои баландшиддати барқ, об, алоқаҳои зеризаминӣ ва ғайра, ки барои гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар қитъаи ҷудошуда халал мерасонанд;
– мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми кӯчонидан ва вайронкунӣ ба аҳолӣ пардохт намудани маблағи арзиши хона, таҷҳизот, дарахтҳои мевадиҳанда, зироатҳои киштшуда ва дигар амволи шахсӣ;
– амалӣ намудани корҳо оид ба таҷзияи таҷҳизоти техникӣ, мошину механизмҳо, қатъ намудани интиқоли барқ дар шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо дар қитъаи барои вайронкунӣ ҷудокардашуда, кӯчонидан ва ё ба мувофиқа расонидани муҳлати корҳои барқароркунӣ бо пудратчӣ;
– назорати умумӣ ва техникӣ дар давраи сохтмон, мувофиқа намудани нарх ва сифати корҳои иҷрошуда бо ҳуҷҷатгузории лоиҳавию хароҷотӣ, шартҳои техникӣ ва қабули корҳои иҷрошуда;
– таъмини маблағгузории саривақтии сохтмон мувофиқи ҳаҷми маблағгузории асосии пешбинишудаи рӯйхати унвонии сохтмонҳо;
– мувофиқакунонӣ бо ташкилотҳои дахлдор оид ба таҳвил, санҷиш ва бақайдгирии механизмҳои борбардор, дегҳои буғӣ ва дигар воситаҳои дар зери фишор коркунанда, инчунин даъвати намояндагон барои озмоиш намудани таҷҳизот ва агрегатҳо;
– қабул ва пардохти корҳои сохтмонии анҷомдодашуда, иншооти алоҳида, инчунин корҳои сохтмонию васлкунӣ, иширок дар қабули корҳои ғайричашмдошт ва конструксияҳо, тартиб додани санад ва иҷро намудани корҳо;
– ба Комиссияи давлатии қабул пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурии иншооти сохтмонашон анҷомёфта ва ба истифода супоридашванда, инчунин иштирок дар кори Комиссияи мазкур;
– барои истифодабарӣ супоридани иншооте, ки сохтмони он анҷом ёфтааст ба ташкилотҳок, ки бо тартиби муқарраршуда истифодабарӣ ба зиммаи онҳо вогузор карда шудаанд;
– баҳисобгирӣ ва омода намудани ҳисобот, инчунин ба тартиби пешбинишуда пешниҳод намудани ҳисобот ва тавозуни муҳосибӣ.
Маълумот дар бораи таъсисёбӣ ва фаъолияти МД «ММЗ НБО Роғун»
Дирексияи муттаҳидаи назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба омодасозии минтақаи зериобшавандаи обанбори ГЭС-и Роғун дар асоси фармоиши Совети Вазирони РСС Тоҷикистон №278ф аз 7 сентябри соли 1983 таъсис дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки 12 марти соли 1986 таҳти №83 Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дирексияи муттаҳидаи назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба омодасозии Минтақаи зериобшавандаи обанбори ГЭС-и Роғун» ба имзо расид.
Баъдан, 7 декабри соли 1994 таҳти №3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба иҷроиши Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 №7 «Дар бораи тасдиқи структураи Ҳукумати Республикаи Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар он Дирексияи муттаҳидаи назди Совети Вазирони Республикаи Тоҷикистон оид ба омодасозии минтақаи зериобшавандаи обанбори ГЭС-и Роғун ба ҳайати ширкати давлатӣ оид ба сохтмони иншоотҳои энергетикӣ- «Нурафзо» ворид карда шуд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №49, аз 4 феврали соли 2004 Дирексияи муттаҳида оид ба омодасозии минтақаи зериобшавандаи обанбори ГЭС-и Роғун ба ҳайати ШСХК «Барқи Тоҷик» дохил шуда, тибқи Фармоиши №16 аз 26 феврали соли 2004 ба структураи Вазорати энергетика бо тавозуни худидоракунӣ ворид гардид.
Бо мақсади тезонидани сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани НБО Роғун, 31 августи соли 2007 таҳти №454, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси ҶСК НБО Роғун» ба имзо расид.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, таҳти №685 Дирексияи муттаҳида оид ба омодасозии минтақаи зериобшавандаи обанбори ГЭС-и Роғун ба сохтори идоракунии ҶСК НБО Роғун ворид карда шуд.