11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми роҳҳои автомобилгарди қисмати марказии ноҳияи Нурободро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Дар маҷмуъ тақрибан 5 клометр роҳҳои шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” бунёд гардидааст. Дар кӯчаҳо қубурҳои оҳану битонӣ, чароғакҳои равшандиҳанда аз ҳарду шафати роҳ насб карда шуда, ниҳоли дарахтони сояафкан шинонда шудааст. Ҳамзамон пиёдароҳ тибқи талабот саволакпӯш гардида, аломатҳои роҳ насб ва кабудизору чароғон карда шудааст.
Анҷоми ин тадбир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овард, ки зебогии дучанди маркази ноҳияи Нуробод таъмин шавад. Ба талаботи замон мутобиқ гаштани имконият барои ҳаракати нақлиёт дар макркази ноҳия ва аз рӯйи нақшаи генералӣ идома ёфтани созандагиҳо фараҳи хурду калони ноҳияро дар ин шабу рӯзи таҷлил дар солгарди Истиқлоли давлатӣ афзун намудаст.
Маркази ноҳияи Нуробод шаҳраки навбунёд буда, татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат онро ба макони зебою дидани табдил додааст.
Имрӯз хурду калони ноҳияи Нуробод бо хушхолӣ аз самараи сиёсати созандаи роҳбари давлат омодаи худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии диёр ва ҳифзи дасторвардҳои Истиқлоли давлатӣ таъкид мекунанд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияи Нуробод ба масъулон супоришҳои судманд доданд.
Тибқи нақшаи генералӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати кишвар созандагиҳо дар ноҳияи Нуробод таҳким бахшида мешавад.