САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ АВСТРИЯ
Аз санаи 8 – ум то 12 – уми октябри соли 2024 директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У. Ю. ва ҳайати вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба Ҷумҳурии Австрия сафари корӣ анҷом доданд.
Дар сафари корӣ гуфтушунид оид ба “Созишномаи грантӣ барои сохтмони НБО – и Роғун” ва баимзорасонии Созишномаи қарзии Фонди ОПЭК оид ба рушди байналмилалӣ дар доираи маблағгузории Лоти 4 сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки сафари кории директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У. Ю. ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар Ҷумҳурии Австрия бо даъвати Бонки Умумиҷаҳонӣ сурат гирифта, аз 8 октябр то 12 октябри соли ҷорӣ идома кард.