САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ЧИН

Ахбор ИНФРАСОХТОР ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО Эълон

САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ЧИН

Аз санаи 24 – ум то 30 – юми ноябри соли 2024 бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У. Ю. директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф. С., муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ш., муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода М., директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддиниён П., директори генералии ҶСК “НБО – и Роғун” Сафарзода Х. ва ҳайати вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба Ҷумҳурии Чин сафари корӣ анҷом доданд.

Дар доираи корҳо вобаста ба ҷалби маблағгузорӣ барои идомаи сохтмони НБО – и “Роғун” айни замон корбариҳо бо Бонки Осиёи Сармоягузории Инфрасохторӣ идома дорад.

Дар сафари корӣ гуфтушунид оид ба Созишномаи қарзӣ байни Бонки Осиёи Сармоягузории Инфрасохторӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории сохтмони НБО – и “Роғун” ва баимзорасонии протокол оид ба Созишномаи қарзӣ доир ба рушди байналмилалӣ дар доираи маблағгузорӣ сурат гирифт.

                     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *