МАШВАРАТИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕДИХО

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

МАШВАРАТИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ БЕДИХО

         Санаи 26 – уми апрели соли 2025 ҷиҳати ба мавзеъҳои нави зист кӯчонидани муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун вохӯрию сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод гузаронида шуд.

        Машваратро раиси Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод Наимов Эраҷ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дигар мавзеъ кӯчонидани аҳолии деҳа маълумот дода, суханро ба сардори шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Розиев Ғайбулло дод.

        Розиев Ғайбулло қайд намуд, ки тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №47 аз 20 январи соли 2009 “Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод ва Рашт” ва Қарорҳои Шӯрои нозирони ҶСК НБО – и “Роғун” Мудирият якҷо бо мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунанда раванди муҳоҷиркунониро амалӣ намуда истодааст.

        Ҳамзамон, зикр намуд, ки пули мошингузари байни деҳаҳои Сичароғ ва Таги камари шаҳри Роғун барои кашонидани маҳсулотҳои НБО – и Роғун хизмат мекард ва Шумо низ аз он истифода мебурдед, дар моҳҳои наздик таҷзид карда мешавад. Аз ин лиҳоз, Шуморо лозим аст, ки аз роҳи мошингузари пештара истифода бурда, маҳсулотҳои сохмониатонро ба маҳали нави зист бо кӯмаки Мудирият бурда расонед. Нақлиётҳои боркаш тибқи дархости муҳоҷирон ройгон таъмин карда мешавад.

        Дар ҷараёни сӯҳбат қайд гардид, ки ҳамарӯза оид ба масъалаҳои ҷойдошта гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар бонкҳои умумиҷаҳонӣ ба маҳаллаҳои муҳоҷирон сафарҳои корӣ доранд, ки меҳмононро дар сатҳи баланд қабул намуда, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расму оини меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷиконаро риоя намоед.

        Бояд тазаккур дод, ки муҳоҷирони минтақаи зериобшаванда, ки ба шаҳри Турсунзода кӯчонда мешаванд, мутобиқ бо талаботҳои имрӯза аз ҷумла: таъмини оби нӯшокӣ, кашидани хати барқ, муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва сохтмони кӯдакистони замонавӣ таъмин мегарданд.

        Роҷеъ ба масъалаҳои мазкур зиёда аз 10 нафар сокинони деҳа, аз ҷумла Нозимов Ҳаким, Нозилов Зиёратшо, Давлатов Рабӣ, Исмоилов Тоҷиддин, Қосимов Холмаҳмад ва дигарон баромад карда, фикру ақида ва пешниҳодҳояшонро ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта изҳор намуданд.

        Инчунин, шумораи муҳоҷироне, ки ба шаҳри Турсунзода ва деҳаи Роғуни болои Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳакимов номнавис гардидаанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро махсусан сардорони хоҷагиҳои пулгиранда дар мӯҳлати 10 рӯз аз қайд бароварда дар маҳаллаҳои нави ҷойи зист ба қайд гузоранд, чунки тибқи қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайд нагузоред, маблағи арзиши хона ва дигар амволатон ба Шумо пардохт карда намешавад.

        Аз ҷумла қайд намуданд, ки мушкилоту монеаҳои дар рафти муҳоҷират ба миён омадаро марҳила ба марҳила якҷоя бо масъулини Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, шаҳри Турсунзода ва Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” баррасӣ ва ҳал менамоем.

        Тибқи қарори раиси ноҳия Нуробод аз 27 феврали соли 2025 таҳти № 20 “Дар бораи додани розигӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили оромгоҳҳои нав дар деҳаҳои Шаҳтути поён, Ҳакимии поён, Ҳакимии боло, Алигалабони Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, деҳаҳои Зорон, Муҷихарфи калони Ҷамоати деҳоти Муҷахарф ва деҳаи Бедихои Ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов оромгоҳҳои нав ташкил карда мешавад.

        Ҳамзамон, ба маълумотатон мерасонам, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” ҷойи оромгоҳҳои навро муайн намудаед ва дар рӯзҳои наздик маҳкам кардани гирду атрофи оромгоҳҳои навро бо риояи талаботҳои санитарию экологӣ оғоз мекунанд.

        Аз рӯйи масъалаҳои дигари рӯзнома сардори Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Нуробод Эшонов Забеҳулло қайд кард, ки рӯйхати муҳоҷирон дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз тарафи Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимов ба комиссияи ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд. Дар аксарияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, норасоиҳо ба назар расида, ислоҳталаб мебошад.

       Илова бар ин, зикр намуданд, ки дар ҳолати ба мавзеи нав кӯчонида шудани муҳоҷирони митақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун тибқи қарори болозикр ба кӯмаки аввалия ба миқдори 5000 сомонӣ аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияҳои қабулкунанда бо хаймаҳои муваққатӣ таъмин мегарданд. Мутасаддиёни самти муҳоҷират ҳамарӯза дархостҳои муҳоҷиронро дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои дахлдор ба инобат гирифта, барои бартараф намудани мушкилотҳои ба миён омада чораҷӯӣ менамоянд.

        Илова бар ин, оид ба омалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ба сокинон, махсусан занони деҳаи Бедихо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар рафти сӯҳбат оид ба масъалаҳои интихоби маҳалли нави зист аз ҷумла: зиндагии шоиста дар деҳаи Намунаи Ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои аграрию саноатӣ мебошад ва бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин намудани занони муҳоҷири хонашин ва дастрасии ҷавонон, бахусус духтарон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ дарҷ карда шуд.

        Дар фарҷоми машварат раиси деҳаи Бедихо Қосимов Холмаҳмад меҳмононро бори дигар хуш омадед гуфта, ба Пешвои миллат изҳори минадорӣ намуда, изҳор дошт, ки барои бунёди иншооти бузурги аср НБО – и Роғун саҳми худро мегузорем.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *