РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ 55 КМ ПРЕЗЕНТАТСИЯ ШУД
Санаи 18 – уми июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод бо аҳолии 15 деҳаҳои соҳили чапи обанбори НБО – и Роғун вохӯрию сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод Раҳмонзода З. – муовини раиси ноҳия, Халилов Д. – мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, Саъдуллоев Б. – мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Зайнуддинзода Қ. – сардори Кумитаи идораи замин дар ноҳия, Наимов Э. – раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов ва аз Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Саидзода Р. – муовини директори Мудирият, Розиев Ғ. – сардори шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии Мудирият, Зайнуддинов Ф. – сардори шуъбаи истеҳсолии Мудирият, Содиқов М. – сардори шуъбаи қарордод ва харҷномаҳои Мудирият, Холмуродов Х. – мудири бахши Мудирият дар ноҳияи Нуробод ва зиёда аз 130 нафар истиқоматкунандагони соҳили чапи обанбори НБО – и Роғун аз 15 деҳа иштирок карданд.

Муовини директори Мудирият Саидзода Рустам бо гурӯҳи корӣ оид ба сохтмон ва бунёди роҳи автомобилгарди 55 км соҳили чапи дарёи Вахш бо сокинони 15 деҳаҳо сӯҳбату мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки бунёди роҳи автомобилгарди 55 км ба мақсади таъмини шароити аввалиндараҷаи зиндагии шоиста ва рафту омади сокинони соҳили чапи дарёи Вахшро осон мегардонад.
Роҳи автомобилгарди 55 км соҳили чапи дарёи Вахш аз деҳаи Сайдони Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун то деҳаи Ёнури шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нурободро дарбар мегирад.
Инчунин, зикр намуданд, ки сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов метавонад дар сохтмони роҳи мазкур ба ҷойи кори мавсимӣ таъмин гарданд.

Ҳамзомон сардори шуъбаи қарордод ва харҷномаҳои Мудирият Содиқов Мақсадулло ба воситаи нишон додан (презентатсия) масири роҳ, ҷойгиршавии лулаҳои сунъӣ (турбаҳо) ва нуқтаҳои пулҳои мошингузарро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин замина, тибқи талаботи Бонки Осиёи Сармоягузории Инфрасохторӣ вобаста ба бунёди роҳи автомобилгарди 55 км соҳили чапи обанбори НБО – и Роғун, дараҷаи – 5 намояндагони Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод тибқи нақшаи корӣ оид ба бунёди роҳи автомобилгарди 55 км соҳили чапи обанбори НБО – и Роғун, дараҷаи – 5, ки аз деҳаи Сайдони Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун то деҳаи Ёнури шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нурободро дарбар мегирад, маълумотҳои мушаххас ва заруриро ба истиқоматкунандагони соҳили чапи обанбори НБО – и Роғун пешниҳод намуданд.
Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баён доштанд, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалии сармоягузор ва шарикони рушд ҳамкории зич намуда, Созишномаи субсидионии қарзии Бонки Осиёи Сармоягузории Инфрасохториро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони роҳи автомобилгарди 55 км соҳили чапи обанбор ба имзо расонида шуд.
Дар охир сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов баромад карда, ҷиҳати ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” изҳори сипосу миннатдории самимӣ намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


