АРЗУ ШИКОЯТҲОИ ШАҲРВАНДОН БАРРАСӢ ШУДАНД
Дар 6 моҳи соли 2024 ба дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо 53 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид гардид.
Аз ҷумла:
- 11 муроҷиатномаҳо оид ба масъалаи иваз кардани қитъаҳои замин;
- 9 ариза дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;
- 1 ариза дар бораи аз нав ҳисоб кардани манзил ва дигар молу мулк;
- 1 ариза дар бораи расондани ёрӣ дар бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ба нуқтаи савдо;
- 3 аризаи дастаҷамъона дар бораи додани ҷубронпулии масҷиди деҳа барои шахси муайян;
- 28 муроҷиати шифоҳии муҳоҷирон.
Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мутобиқи қонунҳо ва санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо арзу шикоятҳои шаҳрвандон иҷро ва баррасӣ шуда истодаанд.