ТАВАҶҶУҲ! ЭЪЛОН!
Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” хоҳишмандонро барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ даъват менамояд.
Рӯйхати мансабҳои холӣ:
– Муҳосиб оид ба идоракунии молиявӣ;
– Муҳосиб оид ба пардохтҳо;
– Мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
– Сармутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, саломатӣ ва бехатарӣ;
– Мутахассис оид ба сиёсати гендерӣ;
– Мутахассис оид ба масъалаҳои кӯчонидан;
– Мутахассис оид ба воситаҳои рӯзгузаронӣ;
– Сардори шуъбаи мониторинг ва арзёбӣ;
– Сармутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ;
– Мутахассиси шуъбаи кадрҳо;
– Мутахассис – лоиҳакаш;
– Cармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ;
– Мутахассис оид ба компютер – техник;
– Тарҷумон (забони англисӣ ва ғ.);
– Мудири бахш дар ноҳияи Рашт;
– Мутахассиси бахш дар ноҳияи Рашт.
Талаботи тахассусӣ:
– ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад;
– таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаҳои иқтисод ва молия, ҳуқуқшиносӣ, гуманитарӣ, сохтмонӣ – муҳандисӣ, экологию иҷтимоӣ ва дигар ихтисосҳои марбута;
– собиқаи корӣ на кам аз 5 сол;
– мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа;
– донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ;
– маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;
– доштани малакаи хуби кор бо компютер ва MS Office.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурии дархостшаванда:
- Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи директори Мудирият (Word);
- Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word) – (бо 4 дона расми андозаи 3х4);
- Тарҷумаи ҳол (резюме) – (Word);
- Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038;
- Маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- Нусхаи шиноснома;
- Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.
Эзоҳ:
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои Мудирият тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳо то санаи 31 – уми январи соли 2025 қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар – 10.
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: (+992) 55 000 24 44.
Почтаи электронӣ: mdmmz@internet.ru