ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР МУДИРИЯТ

Ахбор ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО Эълон

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР МУДИРИЯТ

Имрӯз, 7 – уми марти соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ба муносибати “Рӯзи модар” ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки директор, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Мудирият ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рӯзи модар” дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Дириктори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода қайд намуданд, ки бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан – Модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.

Натиҷаи ин сиёсати оқилона аст, ки занони қавииродаву боҷасорат ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд.

Дар баробари ин, мавқеи Зан – Модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои Модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.

Зимнан дар ҷаласаи тантанавӣ изҳор гардид, ки саҳми бонувони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоии ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.

Сипас, саҳми арзандаи занонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар қайд карда, аз суханони муҳтарам Пешвои миллат ёдоварӣ карданд:

“Ба ҷо овардани иззату эҳтироми Модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад”.

“Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.

Модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.

Ҳар як нафар аввалин дарси одамияту худшиносиро аз Модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.

Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон Модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад” – қайд намуданд директори Мудирият.

Дар интиҳои ҷамъомад директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода бори дигар бонувони Мудирият ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба фаро расидани иди фархундаи “Рӯзи модар” – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил мубаракбод гуфтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *