140 НАФАР СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧОРСАДА 2 СОҲИБИ ШИНОСНОМАИ ТЕХНИКӢ ШУДАНД

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО Эълон

140 НАФАР СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧОРСАДА 2 СОҲИБИ ШИНОСНОМАИ ТЕХНИКӢ ШУДАНД

Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” тибқи талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ (матрица компенсации) барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и “Роғун” – ро аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ба роҳ мондааст.

Дар ин раванд барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи муҳоҷирони кӯчонидашуда аз ноҳияи Нуробод ба деҳаи Чорсада 2 – и Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Данғара ба итмом расонида шуд.

Дар санаи 31 – уми январи соли 2025 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, муовини раиси ноҳияи Данғара Бегмуродзода Д., директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Гулзода Б., сардори шуъбаи барӯйхатгирии техникии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Давлатов Х., бақайдгирандаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Мирзоев Т., мутахасиси шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Сайдалиев Ф., сардори шуъбаи муҳоҷират ва барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронии Мудирият Розиев Ғ. ва мутахасиси шуъбаи ҳуқуқ ва воҳиди хариди Мудирият Акобиров Ю. мувофиқи  рӯйхати  шаҳрвандони деҳаи Чорсада 2 – и Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара (минтақаи зериобшавандаи НБО – и “Роғун”) барои таъмин намудан бо шиносномаи техникӣ (ҳавлидорӣ), парвандаи заминсозӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба 140 нафар сокинони деҳаи Чорсада 2 ҳуҷҷатҳои мазкурро супориданд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *