ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ 19 ДЕҲАҲОИ НОҲИЯИ РАШТ
Санаи 21 – уми майи соли 2025 ҷиҳати ба мавзеъҳои нави зист кӯчонидани муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун вохӯрию сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони 19 деҳаҳо аз 5 ҷамаотҳои ноҳияи Рашт дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия гузаронида шуд.
Маҷлисро муовини аввали раиси ноҳия Рашт Шарифзода Ҳ. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳият ва зарурияти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун маълумот дода, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд.
Сипас дар машварати корӣ қайд намуданд, ки оид ба моҳият ва зарурияти фаҳмондани иҷрои Қарори дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо таҳти №324 аз 1 июни соли 2024 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2009 таҳти №47 “Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод ва Рашт” ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо Мудирият ва мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунанда раванди муҳоҷиркунониро баррасӣ намуданд.
Муовини директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Саидзода Р. С. тибқи нақша – чорабиниҳои Мудирият оиди масъалаҳои баррасишаванда маълумотҳои мушаххасро ба сокинон пешниҳод намуда, дар бораи ҷойгиршавиҳои деҳаҳои мазкур, нуқтаи СМД – 1290 обанбори Нерӯгоҳи барқи обии Роғун маълумот пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат қайд гардид, ки дар рафти муҳоҷиркунонӣ ба сокинон замини наздиҳавлигӣ дода, бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳи мошингарду пиёдагард, мактаб ва кӯдакистони замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншоотҳои замонавии мавриди ниёзи мардум қарор дорад, сохта ба истифода дода мешавад.
Сокинони 19 деҳа аз 5 ҷамоатҳои ноҳияи Рашт бо харитаи минтақаҳои зериобшавандагон аз наздик шинос шуданд.
Баъдан муовини раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳ. ва муовини директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Саидзода Р. С. суханро ба сокинони муҳоҷиршаванда дода, аз муҳоҷирон хоҳиш намуданд, ки нисбати мавзӯи ҳар як муҳоҷир фикру андешаҳои худро озодона баён намоянд.
Роҷеъ ба масъалаҳои мазкур зиёда аз 7 нафар аз 19 деҳаҳои ноҳияи Рашт савол, фикру ақида ва пешниҳодҳояшонро иброз намуданд, ки ба саволҳо кормандони Мудирият ба сокинони ноҳия Рашт ҷавоб ва посухҳои қаноатманд доданд.



