ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ СЕБИСТОНИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ СЕБИСТОНИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Санаи 27 – уми майи соли 2025 дар мавзеи нави зисти муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун бо муҳоҷирони деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод вохӯрию сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Муовини директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Саидзода Рустам тибқи нақша – чорабиниҳои Мудирият оиди масъалаҳои баррасишаванда маълумотҳои мушаххасро ба сокинон пешниҳод намуда, инчунин тарзи дурусти истифодабарии иншоотҳои инфрасохтории сохтмонӣ, аз ҷумла оби нӯшокиро ба мардум фаҳмониданд.

Инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо муҳоҷирони иҷборӣ дар деҳаи Себистони ноҳияи Файзобод фаҳмонида шуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат қайд гардид, ки дар рафти муҳоҷиркунонӣ ба сокинон оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳи мошингарду пиёдагард, мактаб ва кӯдакистони замонавӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншоотҳои замонавии мавриди ниёзи мардум қарор дорад, сохта ба истифода дода мешавад.

То ба ин рӯз дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод бинои Бунгоҳи тиббӣ, хати оби нӯшокӣ, хати интиқоли барқ ва дафтари Маркази иттилоотии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” дар ноҳияи Файзобод ба истифода дода шудааст.

Сипас гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмони мактаби миёна ва ҷойи ҷамъиятии деҳаи мазкур дидан намуда, нисбати мушкилиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд.

Сокинони деҳа бо харитаи маҳаллаи нави зисташон аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат кормандони Мудирият аз муҳоҷироне, ки дар ҷаласаи корӣ иштирок доштанд, хоҳиш намуд, ки нисбати масъалаҳои баррасишуда, фикрҳояшонро озодона иброз намоянд.

Дар анҷоми машварати корӣ иштирокунандагони деҳаи Себистони ноҳияи Файзобод гуфтаҳои болоро қобили қабул дониста, аз Мудирият дар овардани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи мазкур кӯмак хостанд.

Бинои дафтари Маркази иттилоотии Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод

Бинои Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *