ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ВА БОНКИ ОСИЁИИ САРМОЯГУЗОРИИ ИНФРАСОХТОРӢ

Ахбор ИНФРАСОХТОР МУҲОҶИРАТ ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ВА БОНКИ ОСИЁИИ САРМОЯГУЗОРИИ ИНФРАСОХТОРӢ

Санаи 28 – уми майи соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мулоқоти намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳайати ҷаноби Крис Тимбл, мутахассиси калон оид ба масоили энергетика, хонум Александра Безередӣ, мутахассиси пешбар оид ба масоили иҷтимоӣ, намояндагони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ҷаноби Эмин Залинён ва хонум Ҷингҷинг бо директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода, директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддиниён, муовини директори генералии ҶСК “НБО – и Роғун” Меҳриддин Тоҳирзода ва кормандони Мудирият баргузор гардид.

Ҳадаф аз вохӯрӣ баррасии масъалаҳои шартҳои эътибор пайдо намудани маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО – и Роғун, аз он ҷумла пешрафт дар таҳияи АТЭИ (ESIA), НАК2 (RAP 2), НБВР (LRP), баррасии пешрафт дар иҷрои чорабиниҳои дар ёддошти миссия оид ба масъалаҳои саломатӣ ва техникаи бехатарӣ (OHS), дастгирии техникии Роғун: пешрафт дар иҷрои чорабиниҳои алоқаманд бо асосҳои сиёсати экологӣ ва иҷтимоӣ (ESF) ва таҷзияи кӯпруки Сичароғ иборат буд.

Дар ҷараёни мулоқот хонум Александра Безередӣ аҳамияти ҳар чӣ зудтар омода намудани варианти ниҳоии АТЭИ, НАК2 ва НБВР барои тасвиби минбаъда дар Шӯрои директорони Бонки умумиҷаҳонӣ ва дар ниҳоят иҷрои шартҳои эътибор намудани маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО – и Роғун таъкид намуд.

Намояндаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ низ баромад намуда, қайд намуд, ки пас аз ирсоли ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида ба ниҳодҳои маблағгузор барои фикру мулоҳизаҳо, онҳо бояд дар варианти ниҳоии ҳуҷҷатҳои мазкур инъикоси худро ёбанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *