Маъракаи ниҳолшинонӣ МД ММЗ НБО-и Роғун

Ахбор ХАБАРҲО Эълон

Маъракаи ниҳолшинонӣ МД ММЗ НБО-и Роғун

          Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон, баҳри сарсабзу хуррамгардонии минтақаҳои нави истиқоматии муҳоҷрони иҷборӣ 14-15 марти соли 2026 дар шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ва ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Бустон маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он дар барорбари кормандон, роҳбарони Мудирият ширкат намуданд.

          Теъдоди зиёди ниҳолҳои сарсабз дар кучаву хиёбонҳои деҳаҳои навбунёд шинонида шудаанд, ки ҳусни кучаву хиёбонҳои деҳаҳои навбунёдро зебою назаррабо намудаанд. 

          Тибқи анъанаҳои қадимии мардуми мо дар баробари бунёди хонаҳои истиқоматии нави худ ва тарбияи фарзандон дар бедоршавии табиат чун анъанаҳои наку шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороиши ва ҳамешасабз яке, аз аъмоли шарифтарин ба шумор рафта, бо фарорасии баҳор доимо дар Ватани азизамон гузаронида мешавад. Дар ин раванд кормандони Мудирият изҳор намуданд, ки чун ташабусҳо дар оянда ин иғдомро баҳри ободони ва рушди муҳити зист саҳми назараси худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *