ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР МУДИРИЯТ

Ахбор ХАБАРҲО Эълон

ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР МУДИРИЯТ

          6 – уми марти соли 2026 дар толори калони Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ба муносибати “Рӯзи модар” ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки директор, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва кормандони Мудирият ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

          Ҷамъомад бо сухани табрикотии директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рӯзи модар” дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

        Дар баробари ин, мавқеи Зан – Модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои Модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.

          Зимнан дар ҷаласаи тантанавӣ изҳор гардид, ки саҳми бонувони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоии ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.

          Ҳар як нафар аввалин дарси одамияту худшиносиро аз Модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.

          Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон Модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад” – қайд намуданд директори Мудирият.

          Дар интиҳои ҷамъомад директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода бори дигар бонувони Мудирият ва дар симои онҳо модарон, хоҳарон ва духтарони сарбаланди кишварро ба фаро расидани иди фархундаи “Рӯзи модар” – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил мубаракбод гуфтанд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *