ҚУТТИҲОИ АРЗУ ШИКОЯТ ВА ПЕШНИҲОДҲО
Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ба маълумоти Шумо мерасонад, ки арзу шикоят ва пешниҳоди худро ба қуттиҳои арзу шикоятҳо гузоред.
Барои баррасӣ намудани арзу шикоят ва пешниҳоди Шумо ному насаб, рақами телефон ва суроғаи худро қайд кардан ҳатмист. Инчунин Шумо метавонед бе муаррифи кардани шахсияти худ муроҷиат намоед.
Дар муроҷиати хаттии худ мазмуни мухтасарро баён намоед ва ҳатман суроғаи пурраеро, ки ҷавоб бояд ба он фиристода шавад, нишон диҳед, сана ва имзои худро гузоред.
Муроҷиати хаттии Шумо аз ҷониби Мудирият дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ баррасӣ шуда, ҷавоби хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
Тарзҳои пешниҳоди муроҷиатҳо:
Шумо метавонед муроҷиати хаттиро дастӣ оваред;
Дар қуттии арзу шикоятҳо гузоред;
Ба суроғаи электронии Мудирият ирсол намоед;
Дар рӯзҳои қабули директор ва муовинон муроҷиат намоед.
Суроғаи қуттиҳои арзу шикоятҳо:
Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 дар деҳаи Чорсада 2 – и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара

Бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода

Бинои Мудирият дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода

Бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Саидони ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун

Бинои ҷаомоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун

Бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун

Бинои Мудирият дар шаҳраки Дарбанди ноҳия Нуробод

Бинои ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод

Бинои ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод

Бинои ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод

Инчунин Шумо метавонед муроҷати худро ба воситаи телефонҳои боварии 227 94 11 иброз намоед.