ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ МУДИРИЯТ

Ахбор ИНФРАСОХТОР ХАБАРҲО ҲАМКОРИҲО ҲИСОБОТҲО Эълон

ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ МУДИРИЯТ

10 – уми январи соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Мудирият баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии Мудирият, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода, директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, мудири бахши Мудирият дар ноҳияи Нуробод ва аз ташкилоту муассисаҳои паймонкор иштирок намуданд.

Нахуст директори Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” Манучеҳр Ҷамилзода маҷлисро оғоз ва ҳозиринро бо тартиби гузаронидани машварат шинос намуда, аз иштирокчиён хоҳиш намуд, ки доир ба беҳтар намудани кори Мудирият, ташкилотҳои паймонкор, молрасону хизматрасон ва дигар сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун фаъолият доранд, фикру андеша ва таклифҳои худро иброз намоянд.

Доир ба масъалаи баррасишавандаи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи солона аз ҷониби директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода ироа карда, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар суханрониҳо асосан дар бораи корҳои анҷомшудаи Мудирият дар соли 2024 сухан рафт.

Сипас аз тарафи директори Мудирият таклифу пешниҳодҳои муфиду мушаххас изҳор гардида, ба масъулин барои рафъи камбуду норасоиҳо ва иҷрои бечунучарои нақшаҳои истеҳсолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи ҷамъбастии солона фикру андешаҳои иштирокчиён ба назар гирифта шуда, инчунин доир ба беҳтар намудани фаъолияти Мудирият тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №47 аз 20 – уми январи соли 2009 “Дар бораи аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун, ноҳияњои Нурободу Рашт” дар ҳамкорӣ бо вазоратҳо, кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои паймонкор, молрасон, инчунин пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии раванди бонизоми муҳоҷиркунонӣ ва чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ – экологӣ дар минтақаи мазкур, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар соли 2024 протоколи ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва вазифаҳо барои соли 2025 қарор қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *