ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ
Санаи 27 – уми январи соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мулоқоти директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода, муовинон ва сардорони шуъбаҳои Мудирият бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мувофиқи барномаи ташрифи ҳайати намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба раванди кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшаванда, барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ, таъмин намудани онҳо бо иншоотҳои аввалиндараҷаи инфарасохторӣ дар маҳаллаҳои нави зист ва як қатор масъалаҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти суҳбат раванди кӯчонидани аҳолӣ, шумораи аҳолии кӯчонидашуда ва ҷудо гардидани қитъаҳои замини кишоварзӣ барои барқарорсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Файзобод, Турсунзода ва Данғара баррасӣ карда шуд.
Инчунин, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ зикр намуданд, ки дар оянда барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурд, барои занҳои соҳибкор тренингҳо гузаронида мешавад.
Ҳамазамон дар охири мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” ва намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ омодагии худро баён доштанд.