Баргузории вохури дар ш.Душанбе 11.09.2025 с.
Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлигоҳи бинои маъмурии Мудирият кӯчаи Бохтари 10, ш.Душанбе бо иштироки зиёда аз 20 нафар аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайри давлатӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, тариқи маҷозӣ (онлайн) намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии давлатҳои поёноб иштирок намуданд.

Дар вохурӣ коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ, намояндагони Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳои энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ»-и Бунёди Миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон.

Дар рафти вохуриҳо маълумоти мухтасар дар бораи принсипҳои асосӣ, бандҳои калиди ва сохтори барномаҳои дастгирии устувории ҳисоботҳои азнавшудаи дар боло зикргардида дар шакли намо пешниҳод карда шуда, фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён дар шакли шифоӣ шунида шуда, мутахассисонӣ соҳавии дахлдор ба саволҳои ба миёномада ҷавоб доданд.

Ҳамчунин пешниҳодҳои мардуми маҳаллӣ ва муҳоҷирони минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун дар шакли хатӣ тибқи тартиби муқараргардидаи вохурии мазкур ҷамоварӣ карда шуд.




Қайд кардан ба маврид аст, ки маълумоти муфассал оиди матритсаи саволу ҷавобҳои дар рафти вохӯрӣ ба тарзи хаттӣ ба қайд гирифташуда, рӯзҳои наздик нашр карда мешаванд.