ШИКОЯТҲОИ МУҲОҶИРОН БАРРАСӢ ШУДАНД
Дар давоми 12 моҳи сипаригаштаи ҳисоботи соли ҷорӣ аз тарафи муҳоҷирони иҷборӣ ва коргарон ба унвони роҳбарияти МД “ММЗ – и НБО РОҒУН” 82 адад аризаҳо, дархостҳо ва шикоятҳо бо талаботҳои махсус баҳри беҳтар намудани шароити зист ва воситаҳои рӯзгузарони ворид ва барои ҳалли худро ёфтан қабул гардидааст.
Ҳамзамон аз тарафи корманд – мутахассисонии Мудирият, ки дар ҷойҳо қуттиҳои қабули арзу шикоятҳо, дархостҳои муҳоҷирон ва кормандонро, ки дар минтақаҳои корӣ насб гардида буданд, дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72, дар бинои деҳаи Чорсада 2 – ҷ/д. Лолазори н.Данғара, дар бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Намунаи ҷ/д. 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, дар бинои Мудирият дар деҳаи Тойчии ҷ/д. Ҷӯра Раҳмони ш.Турсунзода, дар бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Саидони ҷ/д. Сичароғи ш.Роғун, дар бинои Ҷамоати деҳаи Сичароғи ш.Роғун, дар бинои бунгоҳи тиббӣ деҳаи Ёли гармобаи ҷ/д. Қади оби ш.Роғун, дар бинои Мудирияти ш.Дарбанди н.Нуробод, дар бинои Ҷамоати деҳаи Меҳрободи н.Нуробод, дар бинои Ҷамоати деҳаи Ҳакимии н.Нуробод, дар бинои Ҷамоати деҳаи Иззатулло Ҳалимови н.Нуробод ва дар бинои марказии Мудирият, дар кучаи Бохтар №10 ш.Душанбе азназаргузаронида шуданд, ки шаҳрвандони зерин ба унвони роҳбарияти Мудирият бо аризаҳо, дархостҳо ва шикоятҳо муроҷиат намуданд;
Дар маҷмуъ:
- 82 – ариза, дархост, шикоят ворид шуд
- 30 – ариза
- 52 – дархост
- 64 – ҳалли худро ёфт
- 44 – дар марҳилаи 1 ҳал шуд
- 20 – дар марҳилаи 2 ҳал шуд
- 8 – ариза ва дархостҳо дар марҳилаи якум дар баррасӣ карор дорад
- 10 – ариза ва дархостҳо дар марҳилаи дуюм дар баррасӣ карор дорад.
Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” мутобиқи қонунҳо ва санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо арзу шикоятҳои хаттӣ ва шифоии муҳоҷиронро қабул ва баррасӣ намуданд.
Дар робита ба навиштаҳои дар боло зикр гардида, баррасии аризаҳои шаҳрвандон дар Мудирият чунин сурат мегиранд:
